Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар шахси таваллудшуда то нафаси охирин орзуву ҳавас дорад.

Ман то анҷоми умрам ба бисёр масъалаҳо сарфаҳм нарафтам. Қисми зиёд рафт, қисми боқимондаи дигарро бояд эҳтиёткорона паси сар намоям. Набояд ба суолҳои гуногун худу дигарон малул созам. Ба ин ҳам ҳама саргардон ҳастанд. Ҳар яке онҳо мехоҳад ба суолҳои хеш ҷавоб гиранд. Замин сахту осмон баланд. Замину осмон забон надоранд, ки ҷавоб бигӯянд. Ҳамаи ҳамин аст, ки шабу рӯз қалам ба даст мегирам ва дардҳоямро рӯи қоғаз меорам. Худ бо худ гап мезанам ва мепурсам, ки куҷост шунаванда? Аз Худо пурсон мешавам, аммо ҷавобе намегирам. Пурсон мешавам аз ноҳамвории дунё, ҳамдигаркушии бандагон, чашми дидан надоштани бандагон Худовандро.

Чун мебинӣ, ки ҳамкасбонат дарқат намекунанд, эҳтироматро ба ҷо намеоранд, гӯё вуҷуд надорӣ, дилмонда машав ва айбатро бигӯй, ки сабаби ин ҳама дар чист. Камбудиҳоятро ислоҳ намо.

Ҳар як кору амали дунёӣ вақту соати худро дорад. То вақти муайяншудааш фаро намерасад коратро барор намегирад. Ин қонуни ҳаёт мебошад.

Вақту соат барои кӯдакон тӯлонӣ аст. Бадбахтона дар пирӣ чун бод мегузарад.

Вақт зуд-зуд иваз шуда истодааст. Ивазшавии он ба яке манфиат меорад, ба дигаре баръакс зарари худро мерасонад. Иваз шудан ё нашуданашро танҳо Худ муайян мекунад.

Муваффақиятҳо бешуморанд ва ҳақиқӣ хеле каманд.

Ғалабаҳо бисёранд, аммо ғалабае, ки номи шахсро абадуддаҳр нигоҳ бидорад кам аст. Барои ғалабаи доимӣ сабру тоқати доимӣ лозим аст.

Дар ин омаду рафти муваққатӣ шояд гоҳ — гоҳе офтоб намудораат шавад ва гармиат диҳад. Лек афсӯс, сад афсӯс, умри инсон дар 4 фасли сол зери бори ғам мегузарад.

пешина
аз 213
навбатӣ