Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

АдабиётҶомеа
Аз аввал хондан

Дар пирӣ каме лаҷомам суст шудааст ва ман бояд худро лаҷом бизанам.

Камгапиро машқ кардан лозим аст.

Ба нокасон ғами дил магӯ.

Вақти хондани китобҳои гуногун ҷумлаҳоеро мутолиа мекунам, ки худ дар ҳайрат мемонам. Масалан ҷое хондам, ки навишта шуда буд: «Агар ту бе душманӣ кӯшиш намо то душмаne биёбӣ», Худоё, тавба ин чӣ фикру андеша. Ё «Душманро аз худ дур макун». Ҳамеша миёни душманҳо бош. Бе душман одам дилгир мешавад».

Одамон кӯшиш ёфтани инсонҳои хубро намоянд, ин иборатҳо касро ба дунёи хаёл мебарад.

Одамон аз қассосгирии душманон лаззат мебаранд. Ин андешаҳо аҷибанд ва баҳсро талаб мекунанд.

Оқибати ҳар корро пешакӣ бояд фикр кард.

Ҳар рӯз аз субҳ то шом ба худ бояд омӯхт, ки сергапӣ, занахзадан ба дигарон зараровар аст. Якум ин, ки аз занахзанӣ пуч мешавӣ. Дуввум сурат ба берун баромада фош мешавад. Саввум зарар мебинад. Камгапӣ барои инсон ҳамеша манфиат меорад.

Оҳӯе бо чашми меҳр ба оҳубаррааш нигарист. Ҳамин лаҳзаҳо модашере низ ба оҳубарра менигарист. Ин нигоҳҳо чӣ маъние доштанд. Оё наҷот ба шарҳ аст?

Шояд модароҳу ба он менигарист, ки баррааш калон шавад ва мисли оҳувони дигар давомдиҳандаи насл гардад.

Модашер дар камингоҳ дар андешаи он буд, ки аввал ба кадомаш ҳамла намояд. Ин аст як паҳлӯи ноҳақи зиндагӣ. Яке умеди зистан дорад, дигаре дар фикри пур намудани меъдаи худ аст. Кӣ, кай ва ба чӣ хотир ин қонунҳои нонавиштаи ҳаётро сабт намудаед? Саволҳо бешуморанд. Куҷост ҷавобдиҳандаи суолҳои пайдарҳам?

Хуб, давомаш чӣ шуд?
Давомашро пагоҳ мегӯям.

пешина
аз 213
навбатӣ