Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Асабҳои оҳанӣ лозим аст, ки ба ҳама нешзаниҳо тоб оварда тоқат намояд. Шахсияти мубориҙ бояд пуртоқат ва дурандеш бошад. Агар ӯ ин хислатҳоро надошта бошад дар задухурд зуд худро бой медиҳад.
Ватанфурӯшон бояд сари вақт ошкор намуда, аз онҳо эҳтиёт бояд шуд. Худованд агар худ мадад накунӣ кассе чораи ин гурӯҳро карда наметавонад.
Худовандо бандаат ҳамеша Худо гуфта нафас мегирад ва худ раҳмашонро бихӯру шафоат намо. Манн ҳам дигар кассе надорам ва даст ба домони туям Худовандо. Атрофамро мисли анкабут печонидаанд ва ту набояд танҳоям гузорӣ. Ин гуфтаҳо ба онҳое дахл дорад, ки ба мисли манн танҳоянд ва мӯҳтоҷи дастгирианд.
Одамон бештар ба он аҳамият медиҳанд, ки муфт ба даст омадааст.
Чун дидӣ, ки нақшаҳоят, амалӣ намешаванд бояд ба худ суол диҳӣ, ки сабабаш дар чист?
Аввал камбудиҳоятро ислоҳ намо баъд умед ба беҳбудии ҳаётат бишав.
- Барои хуб ҳаракат кардани чарх бояд ба он равған молид. То намедодай қорат пеш намерафтааст. Дар асри XXI ришвахӯрӣ то ба авҷи аълояш расидааст. Боре шоҳиди воқеае шудам. Соҳибхона ба меҳмон мегуфт: - Ман меҳмони дастхолиро дӯст намедорам. Меҳмони дастхолӣ ба кассе лозим нест. Меҳмони бе тӯша қадре надорад.
Онҳое, ки қадрат намекунанд, ғайбат мекунанд, дӯстат намедоранд ва тайёр ҳастанд дар ҳолати муносиб заҳрат диҳанд бо чунинҳо дӯстӣ ардан мумукин аст?
Ба андешаи манн аз чунин тоифа ҳарчӣ зудтар ҷудо бояд шуд. Ба хулосае омадам, ки ҳарчӣ зудтар ҷудо шуда боратро ба манзилат бояд расонӣ.
Шафтолуи гапро агар гӯям чунин ҷое иҷозат накарданд ва худ инро ҳис мекунӣ худ худро хор накарда маконро тарк намо.
Дар тӯли ҳайёти беш аз 70-солаам дарк намудам, ки ба кассе хубӣ кардам аксарият бо бадӣ ҷавобам гардонданд. Ҳарчанд чунин ҷавоб гардонда бошанд ҳам манн аз некиҳои кардан худ шодам. Манн ҳаминро мехоҳам донам, ки чаро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё