Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

дуруст кардам, то осуда нафас гирад. Ду кафши качалаю фарсудаашро пеши пойҳояш гузоштам. Ва кузачаро гирифтаму лаби чашма ба об рафтам...

Ин як лаҳзаи бисёр беолоиш ва покии тинату муҳаббати олии инсоният, ки тариқи хеле содда баён ёфтааст. Ҳамаи филмҳои фиску фасод дар бораи муҳаббат назди ин ҳеҷ аст... Дар ҳамин филм боз як навоварии дигаре низ ҳаст: ман сари қабри сарбози русе, ки дар задухӯрд бо босмачиҳо ҳалок шудааст, намоз мехонам. Аз «Қуръон» калимае медонам, ки ӯ ҳам офарида, бандаи Худованд аст.

Дар филми «Шикори охирин» маро (шикорчиро) босмачиёни гуреза маҷбур мекунанд, ки ба воситаи роҳи кӯҳӣ онҳоро сӯи Афғонистон роҳбалади кунам. Аз рӯи сенарияи режиссёр ман бояд онҳоро дар роҳ ҳар тариқа нест мекардам. Лекин ман фикри худамро гуфтам ва он писанд омаду гузашт; бигзор ҷараёни зиндагии худаш ҳисоби онҳоро ёбад. Дар пайраҳаҳои пурпечу тоби кӯҳӣ яке чар мешавад, дигаре дар об меравад, сеюмиро сардорашон нест мекунад... То охир танҳо сардори даста зинда мемонад. Воқеан, ӯ ҳам дар ҷои чар шуда, дар теғаи кӯҳ кашол мешавад ва ман бандро партофта, ӯро аз марг наҷот додам. Ин лаҳза дар кинои советӣ падидаи наве буд: дасти ёрӣ дароз кардан ба қаҳрамони манфӣ – босмачӣ! Хулоса то охир, ҳадди имкон ба ӯ некӣ кардам, «ватан ширин аст, ба Ватан баргард» гуфтам. Бо вуҷуди ҳамаи ин вақте дар лаби сарҳад хоҳиш мекунад, тилло медиҳад, лекин ман ӯро аз сарҳад намегузаронам, ӯ маро мепарронад...

  • Дӯсти Шумо Н.В. Сыкчин навишта буд: «Чӣ хел солҳои ГИТИС-ро ба ёд наорем: логарандом, қаддароз, қаламҳояш калону роҳгардиаш оҳиста, ҳамиша дар банди андешае, доим дар дасташ китоб (аксаран «Ҳамлет») ким кадом калимаю ибораҳоро зери лаб талаффуз мекунад... Ин Гаддоеви ҷавон аст...» Зери бағал доштани «Ҳамлет»-ро дигар ҳамкурсонатон низ ёдоварӣ шудаанд. Зимни сӯҳбатҳо дар чанд вохӯрӣ аз ҳама бадарду бомуҳаббат дар бораи «Ҳамлет» гап мезадед. Дар китоби санъатшинос А. Г. Гордон «Классика в заглавной роли», ки «Ҳамлет»-ро баҳои баланд додааст, хондам, ки Шумо тамоми умр ба «Ҳамлет» омодагӣ дидаед. Ин тавр бошад яқин «Ҳамлет»-и офаридаи Шумо тасодуфӣ нест. Вале сабаб чӣ буд, ки баъзе санъатшиносони тоҷик «Ҳамлет»-и Гаддоевро он қадар хуб напазируфтанд?
пешина
аз 213
навбатӣ