Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
- Шекспир сухане дорад: «Дар марги ғунҷишк ҳам маъние ниҳон аст». Понздаҳ сол мешавад, ки сари ин сухан андеша мекунам ва донистан мехоҳам, ки бо ин Шекспир чӣ гуфтан мехост.
Ҳамлет ҳам барои ман тасодуф набуд. Ҳанӯз солҳои донишҷӯӣ ин нақшро офарида баҳои баланде гирифтам. «Вақте ки ҳанӯз донишҷӯи ГИТИС Хошим Гадоев — актёри нисбат ба худ бераҳм, худафрӯзу шӯълавар ва шуҷоатманди густохи санави саҳнаеро аз «Ҳамлет» офарид, роҳбари студия О.И. Пыжова аз бозии ӯ музтариб гардида, орзу мекард, ки «Ҳамлет»-ро ба ҳисоби спектаклҳои дипломи дарорад, гарчанде он вақт тарҷумаи тоҷикии песа мавҷуд набуд». («Театральная правда». Сборник статей. Театральное общество Грузии, Тбилиси, 1981).
Ва ман пас аз донишкада ҳам барои дубора баргаштан ба «Ҳамлет» тайёрии дуру дарозе доштам. Ва ҳамин буд, ки дар саҳнаи театри Лоҳутӣ «Ҳамлет»-и худро офаридам.
-
«Ҳамлет»-и офаридаатон аз нуқтаи назари худатон чӣ хел аст?
-
Аз кундузе пурсидаанд, ки аз ҳама фарзанди ки хушрӯст? Кундуз ҷавоб додааст, ки «дар ҷаҳон аз ҳама фарзанди ман хушрӯст» Ман - Ҳошим Гадо ҳам мисли ҳамон ҳамон кундузак ҷавоб медиҳам: яке аз ролҳои азизи ман Ҳамлет аст. Ин роли дӯстдоштаамро то ба дараҷае мураккаб иҷро кардаам, ки ягон мунаққиди тоҷик онро дарк карда натавонист. Тамоми Ҳамлетҳои ҷаҳонро актёрҳои офаридан Ҳамлет ба тарзе, ки дарк кардаанд, рӯи саҳна овардаанд. Масалан, дар тамоми намоишҳо вазири шоҳ Клавдийро, ки Полоний ном дошт, пуку беакл нишон медиҳанд. Ман ин гуна трактовкаҳои Полоний ва Клавдийро нодуруст мешуморам. Чаро? Ҳеҷ гоҳ инсон бо беаклӣ ба дараҷаҳои шоҳию вазирӣ расида наметавонад. Ва агар шуда бошад ҳам, маваққатан шудааст. Аз ин сабаб агар Клавдий ва Полоний зираку ҳилагару доно бошанд, пас Ҳамлет бояд даҳ карат бештар ҳушёру доно бошад, то тавонад асрори куштани падар ва котили падарашро ошкор созад. Ана, барои ҳамин ман роҳи тайношудаеро пеш гирифтам.
-
Ин чӣ роҳ аст?
-
Шоҳ ба Полоний мегӯяд, ки «рав, бубин, Ҳамлет девона аст ё ошиқ». Полоний гӯш мекунаду мераваду мебинад, ки Ҳамлет — Гадоев китоб мехонад. Полоний мепурсад: «Чӣ мехонед?» Диққат кунед, ки ин лаҳза дар таърихи Шекспир ва миқёси тамоми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё