Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Ин нақшро хеле ҷустуҷӯ намудам. Рӯзе дар кӯҳсор чашмам ба дарахте афтид: ниҳоят хурд, кӯзапушт, қачу тобхӯрда. Бо ин сифатҳояш аз дигар дарахтон фарқ мекард. Агар онро рост менамудем, аз дигар дарахтон хеле боло мешуд.

Корро аз «кӯтоҳ» кардани қади худ оғоз намудам. Барои ин машки дуру дарозе барои дар ҳолати камоншакл нигоҳ доштани сутунмуҳра ва пойҳо лозим буд. Дар чунин ҳолат хеле ҳаракат мекардам, то ба ин роҳ бо ҳаракати барои ман ғайриоддӣ ва ноқулай одат намоям.

Ба он ноил шудам, ки қадам аз ним метр «боло набуд».

Овозамро низ тағйир додам, хиррӣ шуд. «Хирросӣ» шудан осон набуд, дергоҳ бо ин овоз китоб мехондам.

Гадоев нақши Ризои ҷосус, ҳилагар ва бераҳмро чунон реалӣ офарид, ки актёрро дар саҳна фарқ кардан номумкин буд». Дар зал дар байни тамошобинон яке «ин Ҳошим Гадо аст», дигаре «ин Ҳошим Гадо нест» гуфта бо ҳам шарт карда гов бой додаанд, гусфанд буриданд. Ҳатто дар берун баъди хотимаи намоиш тамошобинон дар бораи кӣ будани актёр баҳс мекарданд ва аксар бар он буданд, ки «ин Ҳошим Гадо нест»... Дар ин ҷо бояд қайд кард, ки эҷодиёти Ҳошим Гадо дар роҳҳои характери - образи Ризо дар «Орзу»-и М. Назаров, дар роли вазир дар «Дасти дӯст»-и М. Назаров, роли Темурланг дар «Достони модар»-и М. Горький, Иброҳимбек дар «Тӯфон»-и Г. Абдулло ба куллӣ баландтарини эҷод расидааст.

Дар сӯҳбате шоири мутафаккир Зиё Абдулло дар бораи Ҳошим Гадо чунин гуфта буд; «Баъзан чандин китобро мехонию ягон чизи наве пайдо карда наметавонӣ. Вале ӯ дар ҳар сӯҳбат ҳатман чизи нав мегӯяд ва бисёр боқувват мегӯяд».

  • Акаи Ҳошим, биёед каме тавақкуф мекунем сари ҷуяндагиҳои Шумо. Ман дар назар дорам он чиро, ки ба асарҳои дигарон ҳангоми басаҳнагузорӣ ва иҷрои нақш ворид сохтаед.

  • Дар «Рустам ва Суҳроб» Суҳроби ман зери эҳсоси ишқи Гурдофарид ҳайкачан ӯро месозад. Ин лаҳзаро ҷуз устод Луғзода ба фикрам, касе пай набурд, «Ҳошимҷон, ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳам навоварӣ даровардӣ» - гуфт устод Улуғзода. Дар филми «Гуреза» Сафари ман пас аз хизмати тӯлонӣ дар хонаи бой канизаки дардманди ӯро (ба ҷои духтари бой) соҳибшуда, ба кӯҳ меравад. Шаб ҷомаи худро бароварда, болои ӯ пӯшондам. Ва то ба рӯз дар кӯҳистони салкин ларзидам, лекин хоби ӯро посбонӣ намудам. Саҳарӣ мӯйҳои болои бинию даҳонаш лаҷидаро оҳиста

пешина
аз 213
навбатӣ