Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

буд. Афсус, сад афсус, ки дар зиндагонияш филме нагирифтем, устодро...
Газетаи СССР (№ 127, соли 2011), Сайёфи Мизроб

Я, Хошим Гадо, благодарен Сайёфи Мизроб за то, что он меня «похоронил», и он же, как истинный отец, оживил меня и поднял меня из гроба, и вознёс на небывалую высоту. Это очень знаменательно.

Сайёфи Мизроб
Чеҳраи илҳом – 2014

Ҳошим — навкуҳани сол...

Ростӣ, дар мо зиёд муд шудааст, ки шахсиятҳоро аз тариқи призраи «хизматҳои шоистаи қабми» баҳогузорӣ кунанд. Мисле, ки шоироне замоне маъруфу маҳбуб, журналистони дар давроне шинохташуда, нависандагоне, ки дар шӯравӣ асарҳои хуб менигоштанд... то ҳанӯз соҳибобруву болорутбаанд. Аммо касе намепурсад, ки ин хизматнишондодаҳо дар тӯли Истиқлолият ва ё ҳадди ақал 10, 5, 1 соли ахир чӣ асари арзандае ба хонанда тақдим кардаанд?

Қариб ки ҳеҷ чиз...
Аммо Ҳошим Гадо дигар аст!
Ҳошим воқеан уникум, гений, беҳамтост. Зеро агар ӯро аз саҳнаи театрӯ синамо ронданд (маҳз бастанд!) ӯ худро дар дигар соҳаи тамоман бегона санҷид ва муваффақ шуд...

Ҳошим — нависандаи сол...

Ҳошим Гадо дар тӯлии чанд соли ахир, ба вежа соли 2014, ончунон сермаҳсул шуд, ки ягон адиби тоҷик, сар аз шоиру нависандаи халқӣ то оддӣ наметавонад бо ӯ дар ин саҳна баҳс кунад. Зеро танҳо саршумори асарҳои Гадоев аз тиражи бархе кутуби баъзе адиб зиёданд.

Тасаввур кун, хонанда, ки Ҳошим ҳамин ҳафтаи гузашта, нимаи дуввуми моҳи декабр, аллакай китоби XXXVI (СИВУ ШАШ)-умини худро нашр кард!

Ва аксарияти ин кутуб бо русӣ навишта шудаанд.
Ва аксарият сифати хеле баланд доранд.
Ва ягон китоби Ҳошимро ягон фонд чоп нака кардааст.

пешина
аз 213
навбатӣ