Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Спектакли Рӯдакиашро ҳам мегузорем. Афишаашро ҳам барқарор мекунем ва ҳатто гримёркаи устодро, ки дар зиндагониаш гирифта будем (лозим шуд), ҳамчун музейи зиндаи Ҳошим Гадоев, чун экспонати таърихӣ, ҳамчун нишони эҳтироми тамоми коллективи кории театри академии-драмавии Лоҳутӣ нисбат ба ситораи тобонтаринаш, барқарор хоҳем кард... Ин замон садои гиряву нолаи коллективи ҳунарӣ ба гӯш мерасад. Ҳунармандон нолаву фиғон доштанд ва бар ҷароҳати эшон намак пошидани нашуда хабарнигори СССР оҳиста аз гурӯҳи навгар дур мешавад...
Муҳаммад Ғоиб, раиси ТВТ, Шабакаи аввал:
- Устод ба ҳама чиз меарзид. Вале мутаассифона, вақт даст надод, ки бо у як сӯҳбати комил анҷом диҳем. Эфир пурра буд, охир. Вақт нарасид, ки як филми мустанад бардорем дар бораи устод. Вале бок не, имрӯз бачаҳо бо шунавидани ин хабари шум ба хулосае омаданд, ки ҳатман фитаҳои гузаштаро пор-пор, дарбеҳ карда, як филми мустанад, дар бораи Титани театри Тоҷик ба навор гиранд.
Афсус, ки дар вақташ ин корро накардем...
Абдуқодири Абдуқаҳор, директори радиои Тоҷикистон:
- Борҳо ният доштем, ки бо устод сӯҳбати тӯлонии чандсоата дошта бошему онро дар Фонди тиллоии Радио сабт кунем. Ин тасмин баъд аз даргузашти Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Нигина Рауфова ба сарамон омада буд. Вале афсус, ки вақт даст надод, ки надод. Агар он сӯҳбат ҳатто хом сабт мегардид ҳам, имрӯз ҳар сатраш ҳамвазни тиллои холис мебуд... Афсус...
Комил Ҳолов, масъули баландпояи ТВ Сафина:
- Сад афсус, ки вақт наёфтем бо устод сӯҳбат кунем, дар борааш филми мустанад навор гирем. Воқеан ҳам дер кардем, дер шуд акнун... Чунин нобиғаи дигар кай ба олами санъат эъто мегардад? Худо медонад...
Убайдулло Раҷабов, ҳунарманди саршиноси тоҷик:
- Ҳошим Гадоев устоди ҳамаи мо буд. Ёд дорам, ки шахсан ман ҳам дар театри Лоҳутӣ курси наёфта, рост аз айвони театр намоишномаи Эдипро медидам...
Афсус, ки солҳои тӯлоние, ки ман раиси ТВТ будам, вақт наёфтам филми мустанаде дар бораи Ҳошим Гадоев гирам. Худатон медонед-ку, он замон бештари вақтамон бо наворгирии саҳнаҳои театри «Оина», «Ғарибшо-компания» ва ғайраву хоказо банд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё