Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Таври маълум, имрӯз аксарияти «шоҳасар»-ҳои мо аз ҳисоби фонди Президент нашр мешаванд, вале бо ин ҳама зумрае сифати асарҳои Ҳошимро надоранд.

Ҳошим Гадо худ дар бораи ин 36 китоб мегӯяд, ки «Агар маро ҳамчун адиб эътироф намекунанд, худашон ҳамин теъдод китоб навишта метавонанд? Бигзор муҳтавои китоби ман посухгӯи талаботи эшон набошад, аммо ин миқдор китобро ҳам навиштан ҳунар аст!»...

Ҳошим — файласуфи сода

Воқеан ҳам Ҳошимро дар ҷамъияти удабо ба ҷидд қабул намекунанд. Зеро ӯро НА-ХОНДА-АНД. Ҷамъияти удабои мо на танҳо ҳуши навиштан, ки ҳуши хондан ҳам надорад...

Ман аксарияти китобҳои Гадоевро, агар камилан нахонда бошам ҳам, варақ задам ва бо ҷиддияти том мегӯям, ки «Хлестаковщина», «Абсурды», «Кто ты?», «Добро+Зло?» ва асари охиринаш «Но...» гавҳарҳои носуфта ва ногуфта, на танҳо дар адабиёти русгу тоҷик, ки адабиёти ҷаҳонианд! Ростӣ, ман бо ин вусъати том парвози афкори устод Ҳошимро интизор набудам. Зеро чизе, ки Гадоев менависад, дархӯрди фаҳмиши адиби осиёӣ нест. Аз нӯки қалами нависандаи ин кутуб шаҳду шакари Гомер, Софокл, Аристотел, Платон, Сократ мечакад.

Ҳошим — ворастаи сода

Хонанда, худ гӯй, ки кадом нависандаи осиёнмаркази тавоне дорад, ки Исо пайғамбарро плагиатор хондаву фалсафаи вомгирифта (дуздӣ, плагиат) аз Суқрот хонад? Вусъати андешаи мо осиёниҳо кундӣ мекунад дар ин ҷода. Ва агар бархе инро куҷое дарк карда ҳам бошем, таассуби исломӣ намегузорад, ки онро фош созем. Оне инро мегӯяд, ки вораста аст!

Ҳошим медонад, ки дар ҷамъияти имрӯзаи мо, ки рӯ ҷониби асри миёна дорад ва бо мракобесиҳо ғӯта мезанад, уфтани ин сухан ба марг баробар аст. Аммо мегӯяд. Зеро ӯ нагӯяд, дигар кӣ ҷуръати чунине дорад, ки онро гӯяд?!

Ваё ҳукми Довуд алайҳиссалом ҳамчун диктатор (Китоби «Но..., саҳ. 192-193»: Атамани роҳзане, ки «муллоҳо ӯро муқаддас хондаву иммунитети дастнораси дода буданд»?!

Баҳсҳои библияви сари лжепайғамбарон худ чӣ мартабае дорад, дар ин китоб, ки танҳо бо ҳамин мубоҳиса метавон онро шоҳасар-шедевр хонд...

пешина
аз 213
навбатӣ