Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

хусуси камхарчии василаҳои тасвирии ин саҳна ва таъсири фоҷиавии он боз кор бурд.

Коргардон дар нақшҳои асосӣ ҳунарпешагони дар соя мондаро интихоб кард, то ки тавассути онон сухани тоза ба даст ораду ба намоиш таровате бахшад. Нақши Рӯдакӣ ба Ортиқ Қодиров супорида шуд. Қомати мавзун, овози борик, чеҳраи нуронии ҳунарпеша барои нишон додани симои покизаи ҷавони аз деҳот омада, софдилу беғараз, хоксору ботаҷриба кӯмак расонд. Майлу рағбат, завқу ҳаваси баъзе дарбориён, ҳатто амир нисбати ашъораш, вохӯрӣ бо духтари соҳибҷамол Нигина, ишқи аввал ӯро ба олами орзуву умедҳо ҷалб мекунад. Қаҳрамони О. Қодиров аз ин ҳама пешомадҳои барорноки қисмати хеш худро хушбахт ҳис мекунад, дар чеҳраш нури шодӣ медавад. Ҷавони аз дунё бехабар, мисли табиат пок, намедонад, ки нотавонбинон зидди ин истеъдоди фавқулодда чӣ дасисаҳо бофта истодаанд.

Нақш аз ҷониби драмнавис ҳарфарафа инъикос ёфта, паҳлӯҳои гуногуни шахсияти бузург кушода шудааст. Вале ҳунарпеша услуби бо як ранг тасвир намудани образро кор фармудааст. Ин услуб чандин солҳо дар театри пурқувваттарини мо мӯд шудааст. Ҳама ба чунин сабки бозӣ, амали зоҳирӣ, ки ҷустуҷӯ ва заҳматро чандон талаб намекунад, одат намуданд. Замоне устодони саҳнаи тоҷик санъати олии актёрӣ, ҳунари таҷссумкориро ёд гирифта, онро то ба дараҷаи аъло аз худ намуда буданд. Ин маҳорати воло иҷрокунандаро аз хушкбозӣ намудан боз дошту дар кушодани мағз андар мағзи ҷаҳони маънавии қаҳрамон, паҳлӯҳои гуногуни хулқу хӯи ӯ имконияти васеъ фароҳам овард. Имрӯз ин анъанаи театри академӣ аз байн рафтааст. Бинобар ин иҷрокунандаи нақши Рӯдакӣ дар нисфи зиёди намоиш, ки байни шахсият ва ҷомеа задухӯрдҳои сахт бармехезаду аз актёр рангуборҳои нав ба нав, аз ботин ҳис намудани ҳолати қаҳрамон, худро мувофиқи вазъиятҳои гуногун доим тағйир додан, инкишофи образро талаб менамояд, оҷизӣ мекашад.

Лаҳзаҳои хабари ҳалок гардидани Нигинаро шунидани шоир, аз дасти душманон кӯр карда шудани ӯ, ки дорои изтироби рӯҳӣ, эҳсоси амиқи инсонианд, то ба дараҷаи фоҷиа бардошта нашудаанд. Ҳатто ибораи қаҳрамон «Хок бар сарам» беҳуда ихтисор ёфтааст.

Агар чунин саҳнаҳои пур аз бархӯрди шадид таъсир надошта бошанд, пас зӯрии театр, ки нисбат ба ҳамаи

пешина
аз 213
навбатӣ