Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

нишонаҳои ин харобист. Суруди ҳофизе аз паси парда дар иҷрои ҳунарпешаи мумтоз Ибодулло Машрабов рамзи нолаи ҷонгудози халқ аст.

Дар пасгуфтор боз ҳамон мардум шоири аз дасти ситамгарони ваҳшӣ нобиногаштаро дар диёри худ гарму ҷӯшон пешвоз мегирад, ба ақлу хиради фарзанди бузургаш мадҳу сано мехонад. Овози бардами ӯро боз хониши ҳофизи халқӣ Ибодулло Машрабов қувват мебахшад. Вале дар экран нишон додани ҳайкали Исмоили Сомонӣ ва дигар лаҳзаҳо зиёдатист. Меъёр набояд фаромӯш гардад.

Ороиши рассом Янтобте Маҳмадқулов ба коргардон имкон дод, ки вусъати амалиёти намоишро дақиқае наканад, саҳнаҳоро пайдарҳам идома диҳад ва аз гузаштаҳои дур чун достоне нақл кунад. Пардаи чуқурии саҳна иваз ёфтан мегирад. Рӯи он гоҳ толори дарбори амир, гоҳ манзараи дашти хушк, гоҳ боғ ё ҷои дигаре тасвир ёфтааст. Танҳо деворҳои зардчатоби ҳамранги пардаи чуқурии саҳна, ки ду паҳлӯи онро чоркунҷа фаро гирифтаанд, иваз наёфта, макони муайянеро ифода менамоянд. Ин дам дастгоҳи суфамонанди баланд ва рӯ ба тамошобинон нишеб чарх мезанад ва дар ороиши ҳар саҳна тобише илова мекунад. Актёрҳо асосан дар рӯи ҳамин дастгоҳ нақш меофаринанд.

Ҳанӯз ҳангоми ба толори тамошо ворид гардидан касро ҷуссаҳои калони сохтаи сарбозони найзабадаст ва рӯ ба даргоҳи амир оварда истиқбол мегиранд. Ин ҷуссаҳо ҳарҷо-ҳарҷо дар ду тарафи толори тамошо то лаби саҳна қомат афрӯхтаанд. Ҳайкалҳои сохта муҳити асри X ва фарҳанги аз ин ҳам қадимтар, инчунин сарбозони ҳамон давраро рамз гирифтаанд, ки нахустин давлати тоҷикро ҳимоя мекунанд.

Бинандаро ба ҷои парда на саҳна девор ва даромадгоҳи қасри амир пешвоз мегирад. Нақшу нигор ва дигар аломатҳои ороиш низ санъати меъмории сомониёнро ба хотир меорад. Танҳо либосҳо ва чунин ороиш чандон мувофиқ наомадаанд.

Пурқувват намудани саҳнаҳои оммавӣ дар лаҳзаи ба гаравгон гирифта ба сохтмоne бурдани як гурӯҳ сокинони деҳае, ки андози вазнинро супорида натавонистаанд, мушоҳида мешавад. Занони муштипар аз паси мардони бегуноҳашон гирён равонанд, писарбачаи яке аз онон, ки сӯи падари бадбахташ шитобида ба чанголи сарбози ҳайвонбашарае меафтад ва модараш ӯро аз дасти ӯ наҷот медиҳад. Ин лаҳзаҳо наванд. Аммо ғулогулайи зиёдати созгор нест. Беҳтараш дар

пешина
аз 213
навбатӣ