Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

намудҳои санъат аз ҷониби одами зинда, яъне актёр дар муассир намудан, маҳву мот кардан аст, дар чист? Замоне тамошобинони театри академиро барои он дӯст медоштанд, ки вай бо беҳтарин намоишҳояш бинандаро сахт ба ваҷд меовард, мегирйнд. Бисёр намоишҳои чандин солҳои охир нишондодашуда исбот намуданд, ки театр дастовардҳои устодонро аз даст додааст. Яке аз сабабҳои кам шудани шумораи тамошобинон ҳам дар ҳамин аст.

Рӯзноманигорони ҳаваскори «Азия-плюс» бозгашти «Рӯдакӣ»-ро хабари ҳангомаомез (сенсатсия) шумориданд. Онҳо танҳо шакли пурҳашамати зоҳирии онро ба назар гирифтанд. Коргардон бечуну чаро дар ҳалли умумии намоиш, амали зоҳирии сюжет, ҷиҳатҳои тамошобоби он эътибори ҷиддӣ додааст. Аммо фардияти ҳар яке аз қаҳрамонон бо тамоми хусусиятҳои зоҳирию ботинӣ, кушодани нозуктарин ҷунбишҳои ботинии онон аз назар дур мондааст. Ҳатто аксари саҳнаҳои гуфтугузор ва муносибати қаҳрамонон дар амиқии саҳна, аз назари тамошобинон хеле дур барпо сохта шудааст, ки таъсири ками ин лаҳзаҳоро боз ҳам камтар менамояд.

Таҳиягар ҳақиқати ҳаёт, низои асосии онро тунду тез намуда, василаҳои ифоданокии саҳнаро таъкид месозад ва гоҳ аз ҳад баландгӯиро истифода мебарад. Додзанӣ, аз ҳад баланд сухан рондан дар дигар намоишҳо низ мушоҳида карда мешавад. Ин роҳи осон аст. Роҳи мураккаб, яъне маҳорат таҷссумкории ботиниро талаб менамояд.

Ҳунарпешагон Лайли Мақсудова, Нигина Амонқулова дар нақши Нигина хеле саҳназебанд. Ҳар ду дилписанд, басо латиф ва ситорагарманд. Матни нақш аз ҷониби онон маҳин, хушоҳанг ифода меёбад, аммо қисмати талх ва талоши қаҳрамон, ки аз ин бозори хариду фурӯши инсон халос хӯрдан мехоҳад, ҳис намешавад. Вохӯрӣ бо Рӯдакӣ дар вуҷуди ин нозанин бедории рӯҳ намеорад. Коргардон бо ҳунарпешагони нав кам кор кардааст. 35 сол муқаддам нақши Нигинаро Савринисо Сабзалиева бозида буд. Акнун ӯ нақши Маликаро иҷро мекунад. Қаҳрамони вай хонуми соҳибҷамолест, ки худаш аз хуснаш ва либосҳои базебаш ҳаловат мебарад.

Ҷаҳони ҳукмрони бузург амир Наср васеътар аст. Иҷрокунандаи ин нақш Қурбони Собир амиреро тасвир мекунад, ки истеъдодро қадр намуда метавонад, вале ҳамин ки касе заррае ба иззати эътибори ӯ наҳ зад, вай чун ҳокими мустабид тайёр аст ӯро поймол намояд.

пешина
аз 213
навбатӣ