Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Ҳошим бар он рӯҳу тавони тоза бахшида буд. Ҳис карда мешуд, ки он асари оддиякак набуда, заҳмати зиёде ва хуни дили эҷодкор дар он гузошта шудааст. Тамошобин аз тамошои ин асари фоҷиавӣ на ягон чизи сунъӣ, балки эҳсосоти ғайриоддиро дар вуҷуди хеш ҳис мекард. Ҳамроҳи қаҳрамонон намоиш мегиристу вуҷудаш ба ларза меомад, ба ҳаяҷон меомад ва лаҳзае худро дар замони зиндагии шоҳ Эдип тасаввур менамуд. Ҳама он эҳсосе, ки баъди намоиши ин шоҳасари бузург бардоштаам, онро наметавон дар як саҳфае ҷойгир намуд. Зеро эҷодиёти Ҳошим Гадоев китобест нонавишта ва худи ӯ ҳунармандест нотакрор ва нобиға. Ҳошим дар ин намоишнома исбот намуда буд, ки ӯ на танҳо як нафар актёри барҷастаи саҳна, балки таҳиягари олидараҷа аст. Ин ҳунарманди нотакрори давр дар эҷодиёти хеш санъати қадимаи бузургонро зинда гардонид. Ҳошим Гадоев як нафар фарзанди баному нанг, сарвати бебаҳои миллӣ ва бузурги тоҷик буда ходими барҷастаи санъати театру киност. Ӯ дар қатори дурахшонтарин ахтарони киноси ҷаҳон шинохта гардидааст. Қаҳрамони офаридаи ӯ образи комил аст ва мисли ӯ актёри заҳматкаш ва коргардони сахтгиру серталаб шояд набошад. Устод дорои принсипи ба худ хос буда, на ҳар нафар ҳунарманд метавонад ба серталабии ӯ тоб биёрад. Ба қадри Ҳошим Гадоев барин нобиғаҳои саҳнаи ҳунару эҷод мебояд расид имрӯз. Зеро чунин инсонҳои нотакрор ҳар рӯз тавлид нахоҳанд шуд. Ӯ барои саҳнаву ҳунар тамоми ҳастии хешро фидо сохтааст. Яъне аз ҳама фарағатҳои дунё даст кашида танҳо ҳунару эҷодро кори шаборӯзии хеш қарор додааст. Баъди чанд соли хомӯшӣ ба саҳнаи театр баргашту намоишномаи «Рӯдакӣ»-ро ба саҳна гузошта ҳамаро бо маҳорати хеш қоил намуд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории ҷашни 1150-солагии сардафтари адабиёти классики тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» басаҳнагузории намоиши асари «Рӯдакӣ»-и Сотим Улуғзода ба зиммаи устоди саҳнаи тоҷик Ҳошим Гадо вогузор шуда буд. Воқеан Ҳошим Гадо сарвати миллии халқи мост. Гарчи ӯ нисбати иҷрокунандагони нақшҳо ниҳоят серталабу сахтгир буд, аммо тавонист ба тамошобини нуктасанҷ як чизи диданӣ ва тамошобобро пешниҳод намояд. Ӯ кори ҳунармандонро бо ҷиддияти садчанд аз дуру наздик наззора намуда барои дарк намудани мағзи сухан ва пурра фарогир гаштани моҳияти асосии саҳнаи нав бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё