Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Ҳошим ГАДО:
БОТЛОҚЗОРЕ БУД
Он ҷой аввал пур буд, ҳоло тамоман холист.
Ботлоқзоре буд. Ботлоқзори хушкшуда буд. Он ҷо дигар хомӯшаку қурбоқкае набуд. Шояд пурзӣ, ки чаро? Ҷое хӯрданӣ нест, он ҷо хоҷати назар кардани ҷонварон нест.
Зиндагӣ зебост, аммо афсӯс одамон зиндагиро безеб кардаанд. Рӯйи оламро пур аз ифлосӣ намудаанд. Ҳайвонҳо айбе надоранд ҳамааш гуноҳи одамон аст.
Баҳси ду олим.
Боре ду олим бо ҳам баҳс карданд. Баҳс дар он буд, ки аз ҳама болотар дар олам китоб аст ва баъд нон.
- Ман гумон дорам, ки аввал китоб аст баъд нон.
- Хуб, ин тавр, ки бошад, ман санҷишеро мегузаронам ана баъд баҳсро давом медиҳем.
Олим ба берун баромада нон ва китобро овард, нонро дар токҷаи баланде гузошта дарро қулф карда рафт. Олим аввал чизеро нафаҳмид ва ба китобхонӣ машғул шуд. Олими аввал ин хонаро аз сӯрохиИ дар наззора мекард. Олим то бегоҳ китоб хонд. Бегоҳӣ гурусна монд ва ба кофтани хӯрданӣ оғоз намуд. Ба ёдаш нони токҷа омад. Ҳарчанд даст дароз намуд, дасташ нарасид. Мизе наёфт, ки монда нонро гирад. Дар хона ба ғайр аз китоби дасташ дигар чизеро наёфт. Меъда талаби хӯрдан мекард. Ӯ маҷбур шуд, то китобро зери пой монда нонро аз баландӣ гирад. Аз гуруснагӣ баҳсро ҳам фаромӯш карда буд.
Ҳамин замон олими дуввум салом дода ба хона даромад.
- Ассалому алайкум, таксир. Нон аввал будааст ё китоб?
Олими дуввум хомӯш буд ва ҳарисона нонро фурӯ мебурд. Баҳси олимон ба охир расид. Пас...
Маълум мешавад, ки бо меъдаи холӣ чизе ба одам намефорад.
Дар зиндагӣ садоҳое мешунавед, ки дар ҷангал чунин садо нест. Масалан:
- Ин шумоед?
- Ҳо-о-о-о-о, манам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё