Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
госпитали саҳроӣ бурданд. Замини барфолудро рӯбучин карда, пахол ва аз болои вай брезент паҳн намудаанд. Қариб понздаҳ-шонздаҳ нафар ярадорони вазнин мехобиданд. Маро низ ба паҳлӯи яке аз навакак операцияшудаҳо бурда хобонданд.
Ҷавони дар паҳлӯям хобида ба назарам шинос намуд. Ман ӯро дар куҷо дида бошам? Фикрамро ба як нуқта ҷамъ намуда, ба саволам ҷавоб мекофтам. Ҳайрият, ки худи ӯ мушкили маро осон намуд.
— Салом. Аҳвол чӣ тавр? — пурсид ӯ бо овози нарми ларзон.
— Асло напурсед, шумо чӣ тавр? — пурсидам дар навбати худ.
— Аз як пою аз як даст маҳрум шудам, дӯстам, — чашмони аз азоби дард бенур гаштааш ликкӣ об шуда, забонаш дигар ба калима нагашта монд.
Пас аз чанде ҷавони бе як дасту як по ба ман рӯ оварда гуфт:
— Тақдирро бинед-а, омада-омада дар куҷо вохӯрдем. Ҳо, вай дар хотиратон ҳаст? Қариб мурда будем-а?
Ростӣ гап, лейтенанти малламӯи хушчакчакро акнун дурустакак шинохтам. Ӯ ҷонишини командири рораи тирандозӣ буд. Баъд ба ҷои командири ҳалокгардида таъин шуда буд. Боре ҳар ду дар маҷлиси фавқулоддаи штаб менишастем. Гур-гури самолётҳои бомбаандози душман баланд шуд. Аз рӯи эҳтиёт ҳама худро ба паноҳ гирифт. Ману лейтенанти малламӯӣ, ки аз ҳама ҷавонтар будем, аз маҷлисгоҳ дур нарафта, дигаронро масхара мекардем.
— Ба ин ҷо ҳама буздилон ҷамъ шуда будаанд-ку, ҷӯра.
— Боз кӯкнор нахӯрда бошанд?
— Мумкин банг кашида бошанд.
— Нигоҳ кун! Нигоҳ кун! Куҷо мегурезанд! Гӯё бомба заминканро намебинад. Фаромад, тамоми-дия. Хоҳ ҳамвору хоҳ ноҳамвор, хоҳ даруни хонаю хоҳ беруни хона, — ба вай фарқ надорад.
— Рӯзат буд шуда бошад, дар ҳафт қабати замин ҷой шавӣ ҳам, аз марг халос шуда наметавонӣ.
Қасд кардагӣ барин ду «Юнкерс»-и лаънатӣ айнан маҳали мо истодаро бомбаборон кард. Бомбае дуртар аз ман фаромада, қариб бо як ароба хок маро гӯронд. Сарам, шонаи дасти росту паси гӯш ва дасти чапам андак ярадор шуданд. Инро пас аз он фаҳмидам, ки офицерони ба заминкан паноҳшуда маро аз таги хок халос карда гирифтанд. Онҳо лейтенанти малламӯйро аз болои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё