Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ташаккур! Ҳазорҳо ташаккур!.. Ҳой, истед, номатон чӣ буд? Аз кадом рота?!

Афсӯс, ки наҷотдиҳандаи ман — солдати ношинос вақти ҷавоб гардонидан надошт.


Фурсате нагузашта, ба назди ман бо сардорни старшинаи рота — сержанти калон Кирюхин чор нафар ҷанговаронамон ҳозир шуданд. Онҳо маро ба рӯи ҷодари брезентии солдатӣ гирифта, дар рӯи барф гаваккашон кашола карданд. Андаке ҷунбидан ҳам як дардамро ба даҳ зарб мезад. Барои ҳамин ҳатто дод мезадаму тавалло мекардам, ки маро наҷунбонанду ба ҳолам гузоранд.

— Охир, шуморо чӣ хел монда меравем?

— Борони тирро намебинед?

— Ором бошед, рафиқ лейтенанти калон. Қариб омадем. Ҳозир меоем. Капӣ, тезтар!..

Онҳо ба доду фарёди ман нигоҳ накарда, гавак кашида, ҳатто бо дандонҳояшон лаби ҷодарро газида, маро пеш мебурданд. Аз баландӣ ба пастхамӣ фароварда, чор кас аз чор гӯшаи ҷодар гирифта, тобут бардоштагӣ барин гирифта рафтанд. Қариб сесад метр бо ҳамин азоб бурданд. Ба болои фургони пур аз пахол хобонданд. Фақат ҳаминаш дар хотирам ҳаст, ки ба Кирюхин мегуфтам:

— Дӯсти азизам, Миша, номи ҳамон солдати ба ту хабар додаро аниқ кун. Мана, инҳоро гир,— наган ва пистолетро ба ӯ супурдам.— Шарафи ротаро нигоҳ доред. Ғалабаи нав ба нав, саломатӣ орзу мекунам...

Баъд аз чанд соат худро дар болои столи «қассоби»-и ҷарроҳони бемористони саҳроӣ дидам. Атрофамро занону мардони либоссфедпӯш давра гирифта буданд.

— Поятонро то зону мебурем,— гуфт духтури айнакӣ, ки мӯи синуҳу ҷингила дошт.— Чӣ мегӯед? Дигар илоҷ ҳам нест. Устухонҳо майда-майда шудаанд. Пай ҳам бурида шудааст.

— Ихтиёр ба шумо,— гуфтам базӯр. Вале хеле дилтанг шудам. Наход ман бепой монам?

— Хун ниҳоят бисёр рафтааст,— боз гуфт духтури айнакӣ,— ба наркоз тоб оварда наметавонед. Тез мебуррем. Бо наркози рӯипӯстӣ. Ҳамагӣ панҷ дақиқа намегузарад.

Пас аз ҷарроҳӣ ходимони тиб як пиёла қандчои доғ нӯшониданду маро ба занбар андохта, ба берун, ба палатан

пешина
аз 323
навбатӣ