Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Боз як гапи дигар: ман ба нафақа баромада, «киштии кабӯд»-ро ба писарам супурда будам. Акнун ин меравад. Агар иҷозат бошад, то омаданаш ман корашро давом диҳам! Гапам ҳамин.
Акрамов (омада бо хурсандӣ дасти Аҳмадро фишурда). Раҳмат, саркор! Аз номи правленияи колхоз ташаккур баён мекунам!
Собиров. Сухан ба ҳамсари даъватшаванда Каримҷон Аҳмадов — Моҳрӯ Аҳмадова! Канӣ, марҳамат намоед, Моҳрӯ!
Моҳрӯ (шарм дошта рӯяшро метобад). Ман... ман... то омадани...
Акрамов. Далерона гап задан гир, духтарам!
Робна. Садкаатон шавам, келинҷон, бурро-бурро гап задан гиред. Асло шарм надоред!
Моҳрӯ. То омадани... То омадани шавҳарам, корашонро ман давом медиҳам!
Холиқ. Канд зан, духтарам!
Акрамов. Раҳмат, Моҳрӯ. Ана ин гапи одами пешқадам!
Ҳама чапак мезананд. Каримҷон тозон омада Моҳрӯро ба оғӯш мекашаду мебӯсад. Чапакзанӣ ва қоҳ-қоҳи ханда авҷ мегирад.
Карим. Миннатдорам, Моҳрӯҷон!
Ҷавон (як-ду қадам пеш рафта, бо илтиҷо). Раис-бобо!
Собиров. Ҳӯш?
Ҷавон. Акаи ман ҳам ба хизмати армия меравад.
Собиров. Бисёр хуб.
Ҷавон. Ман ҳам трактори ӯро ҳай кунам майлаш?
Акрамов. Ба ҷонам, писари нағз, ба ҷонам. Боракалло!
Собиров. Канд зан, ту ҳам писари оқил будӣ-ку!
Ҷавон (нафаҳмида). Ман писари Оқил не, писари Ориф!
Собиров. Боз ҳам нағз!
Ҳама бо завқ механданд.
Собиров. Рафиқон! Акнун сухан ба кирмакпарвари машҳур, кавалери орденҳои Ленин ва Байрақи Сурхи Меҳнат Робияхон Раҳимова!
Робия (ба минбар рафта). Азинонам! Садкаатон шавам... (Хаёл карда монда, бо овози пасттар). Ман чӣ гуфтани будам?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо