Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Аҳмад (ҳазломез). Ҳа, гап зан! Дар хона булбули будӣ-ку!
Робиа. Хе-е, хушамро нагиред!
Собиров. Хола хеле боз ба минбар набаромада буданд. Аз ҳаяҷон одам гапашро гум мекунад. Ҳама аз онӣ худӣ, бемалол гап задан гиред, хола!
Робиа. Хуб. Азифонам, садқаатон шавам, ман хушбахтам, ки писари ман ба воя расида, ба иҷрои вазифаи муқаддаси худ меравад. Роҳи сафед, писарам! Гиру нагирон!.. Боз чӣ гӯям? Хайр, агар розӣ бошетон, ба ин тарафаш аз тахи дил рақсида медиҳам.
Ханда ва чапакзанӣ.
Ҳама. Марҳамат! Кошки!
Оҳанги рақси баланд мешавад. Робиа рақс мекунад. Ҷавонону духтарон суруд мехонанд, пас ҳам ба рақс медароянд.
Аҳмад (ба Холиқ). Хе-е, қудо, хезед, мо ҳам аз қатор намонем!
Холиқ. Охир, ҷавонҳо рақсанд-дия!
Акрамов. Шумо аз кадом ҷавон мемонед?
Собиров. Имрӯз ҳама ҷавон!
Капитан. Мана, мо ҳамроҳ мешавем-дия, амакчон!
Капитан бо Робиа мерасад, Робиа монда мешаваду рафта Акрамовро ба рақс мекашад. Акрамову Капитан ҳам монда мешаванд. Аҳмаду Холиқ рақси хандаовареро иҷро мекунанд. Робиа Бисангро низ кашола мекунад. Кариму Моҳрӯ, Собирову Акрамов низ мерақсанд. Дар айни авҷи базм Капитан ба соаташ менигараду мегӯяд.
Ба пеш даъватшавандагон азиз! Ба иҷрои вазифаи муқаддас!
Мусиқӣ, рақс давом мекунаду ҳангоми рафта истодани онҳо парда пӯшида мешавад.
Охири намоиш

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо