Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

гапҳои хеле нағз гуфтанд, ба даъватшавандаҳо наказҳо доданд. Ман фақат ҳаминро илова мекунам, ки бигузор писарони диловари колхози мо сиҳату саломат раванд, дар тайёрии ҷангӣ ва сиёсӣ, дар ахлоқу одаб, (ман бори дигар таъкид мекунам, ки) дар ахлоқу одаб намунаи дигарон шаванд, шӯҳрати колхози машҳурамонро паст назананд!

То ба армия даъват шудан ҳамаи ҷавонони мо дар саҳроҳои колхози қаҳрамонона меҳнат карданд. Яке аз онҳо Карим Аҳмадов мебошад, ки дар муддати кӯтоҳ ба хирмани колхоз дусад тонна «тиллои сафед» чида дод!

Чапакзанӣ.

Правленияи колхоз қарор дод, ки ба Карим Аҳма-дов соати дастӣ тақдим намояд!

Чапакзанӣ.

Каримҷон, канӣ ту?

Карим назди раис меравад, раис соатро ба дасташ гузаронида, ба оғӯш кашида мебӯсад.

Раҳмат, писарам!.. (Ба дигарон). Роҳи сафед, писарони азиз!

Акрамов аз минбар фаромаданӣ мешавад. Моҳрӯ тозон рафта, ба гӯши ӯ пичирросзанон чизе мегӯяд.
Моҳрӯ меравад. Акрамов ба Собиров гап мезанад.

Собиров. Хуб, духтарам. (Ба Моҳрӯ нимтаъзим мекунад).

Аҳмад. Як даҳон мумкин?

Собиров. Марҳамат, Аҳмад-ака!.. Мана ба ин ҷо, ба минбар бароед!

Аҳмад. Не, ман аз ҳамин ҷо...

Собиров. Ихтиёратон. Ба минбар бароед нағз мешуд-дия!

Ҳама чапак мезананд. Аҳмад маҷбур мешаваду ба минбар мебарояд.

Аҳмад. Барои ин гуна гуселкуниҳои ботантана ба роҳбарони колхоз, қишлоқ ва военкомат раҳмати калон. Аз номи ҳамаи падарону модарони даъватшавандаҳо.

Чапакзанӣ.

пешина
аз 323
навбатӣ