Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

мебозетон. Мебинем, кӣ аз ҳама зӯр. Хезed, кудо, як ҷавониро ба ёд орем. Хезед!

Аҳмад Холикро ба рақс мекашад, Робиа Бисангро. Аз таҳи дил мерақсанд. Кариму Моҳрӯ бо завқ тамошо мекунанд, ким-чиҳо гуфта механданд. Мусиқӣ қатъ мешавад, дигарон рақсро бас мекунанд. Аммо Аҳмад бе мусиқӣ рақсидан мегирад. Дар бағал харбузаю тарбуз раиси колхоз Акрамов аз дар намоён мешавад. Ӯ бо завқ механдад.

А к р а м о в. Ҳе, қоил ман, Аҳмад-ака-е!

Парда

Намоиши сеюм

Маркази деҳа. Тарафи пеши бинои комиҷроияи қишлоқ ва клуб ба назар мерасад. Бино ва атрофи онҳо бо шиору плакатҳо оро дода шудаанд. Минбар ва микрофон. Ғайр аз шахсоне, ки мо дида будем, боз якчанд каси дигар ҷамъ омадаанд. Охири нутқи намояндаи комиссариати ҳарбии районро мешунавем (Намоянда дар либоси капитанӣ).

К а п и т а н. Ҳамин тариқ, дӯстони азиз, падару модарон, фарзандоне, ки шумо бо меҳру муҳаббат тарбия кардед, ҳамеша вазифаи муқаддаси граждании худро бошарафона ба ҷо оварда меомаданд. Боварии қатъӣ дорам, ки даъватшавандагон имрӯза низ муносиби боварии шумо, муносиби боварии партия ва халқ хизмат хоҳанд кард! Иҷозат диҳед бори дигар аз номи комиссариати ҳарбии район шуморо бо ин рӯзи таърихӣ табрику муборакбод кунам!

Ҳама чапак мезананд, Капитан аз минбар мефарояд.

Собиров. Раҳмат, рафиқ капитан! Акнун сухан...

Дар даст гулдастаҳо пионерон меоянд. Ҳама чапак мезананд. Бачаҳо гулдастаҳоишонро ба даъватшавандаҳо тақдим менамоянд.

Ҳа, боракалло, боракалло, бачаҳои азиз!.. Сухан ба раиси колхози «Коммунизм» рафиқ Акрамов!

Дар зери чапакзанӣҳо Акрамов ба минбар мебарояд.

А к р а м о в. Даъватшавандаҳои мӯҳтарам, дӯстони азиз! Дар ин ҷо нотиқони бисёр ба сухан баромада,

пешина
аз 323
навбатӣ