Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Р о б и а. Ҳарчанд гуфтам, ки пагоҳ рафта истодааст, як рӯз наравӣ ҳеҷ гап не, қабул накард-дия, қудоҷон.
М о ҳ р ӯ. Ин кас ваъда чала намонад гуфтанд-дия.
Х о л и қ. Чӣ хел ваъда?
К а р и м. Ваъда карда будам, ки имсол ба колхозамон 200 тонна пахта чида медиҳам. Даҳ тоннаи охиринашро шаб чидам.
Б и с а н г. Ҳа-а, мо дар сафар будем-дия, хабар надорем.
А х м а д. Ман ба нафақа баромадаму ин ба сари рули мошин нишаст.
Р о б и а. Бечора бачаякам, мактабро тамом карда, чор рӯз ҳам дам нагирифт.
А х м а д. Ҳеҷ гап не, рӯзҳое мешаванд, ки дамгирӣ ба дилаш мезанад.
К а р и м. Ҳоло вақти дамгирии мо нарасидааст. Аз ҳамааш кор нағз.
Б и с а н г (ба Карим хӯрокро ишора карда). Гиред, писарам, хӯрда гиред, шумо ин хӯрокҳоро ёд мекунед. Ду сол-а, як ҳафта набусад, як моҳ набусад.
К а р и м. Ҳе-е, ҳа нагуфта дидед, ки ман боз дар ҳамин ҷо. (Ба Моҳрӯ нигариста чашмакӣ мезанад). Ҳамту-а?
М о ҳ р ӯ (аз гирью базӯр худро дошта). Кай ду сол мешаваду...
А х м а д. Саҳл нагузашта, ба отпуск меояд. Агар наояд, ман худам гирифта меравам.
К а р и м (ба Моҳрӯ). А-а, аз ростӣ гиря карда истодааст?
Р о б и а. Ба шумо чӣ шуд, келинҷон? Оё ман нагуфтаам, ки оби дида набинам? Монед, шавҳаратон бе дили сахт равад.

Моҳрӯ оби чашмонашро пок карда, зӯрбазӯракӣ табассум мекунад.

А х м а д (ба Моҳрӯ). Парво накунед, келинҷон, ёд кунед меравед-дия!
Х о л и қ. Ҳе-е, ба ҷои наздиктар раванд, тез-тез рафта омадан мегирем-дия. Мо, бекорхоҷаҳо чӣ кор мекунем?
Р о б и а. Ба ҷои ин гапҳо магнитофон монед. Усулу рақс кардан даркор. Ҳар кас ҳунарашро нишон диҳад! Мана, ман мерақсам! (Мерақсад).
А х м а д. Имрӯз машқ кунетон. Фардо баҳсмабаҳс

пешина
аз 323
навбатӣ