Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аҳмад. Шоҳмот қайроқи мия, кампирхон. Ин мияҳои фартутшударо ҳар замон қайроқ карда наистем, намешавад.

Холиқ. Хайрият ҳамин ҳам ҳаст, абошоҳад одам торс кафиданаш мумкин.

Карим. Бо кадом роҳ вақтатон хурсанд шавад, ҳамонашро кунетон. Меҳнат кардетон, роҳаташро бинетон-дия.

Аҳмад. Хӯш, киҳо чиҳо гуфтанд?

Карим. Бисёр касон гап заданд. Аз ҳамааш ҳам муаллими таърих нағз гап зад, ба фаҳмиши ман.

Моҳрӯ. Ҳа, ҳамаро қоил кард.

Карим. Худаш, ки иштирокчии ҷанг ҳаст, гапҳояш бамағзу бамантик баромаданд. Гапҳояшро шунида, одам аз ҷояш хеста меравад. Шеърхонии духтарон ҳам нағз буд.

Моҳрӯ. Як духтараки зебоякак, хонандаи синфи панҷ будаасту ба акаи ба армия рафта истодааш чунон шеъри нағз навиштааст, ки ҳама дар ҳайрат монд. Худаш ҳам нағз мехондааст.

Аҳмад. Ҳа, коре карда барака ёбанд-дия. Ҳамин қадар иззату икром, ҳамин қадар ғамхориҳо...

Робия ду коса хӯрок оварда, назди Кариму Моҳрӯ мемонад.

Робия. Равед, келинҷон, мурчро фаромӯш кардаам.

Моҳрӯ тозон меравад.

Гир, бачам, хунук нашавад.

Бисанг. Аз ин барракабоб гиред, чунон бомаза шудааст, ки...

Карим. Раҳмат. Худатон ҳам гиред.

Холиқ. Ин қадар хаёл кардетон? Мо ба шумоён интизор шуда...

Карим. Мерафтагӣ будам, шаб аз кор дер омадам. Барои ҳамин ин пагоҳ рафта, бо мӯйсафедони қишлоқ хайру маъзур карда омадам.

Аҳмад. Кори оқилона кардӣ, писарам. Ҳамеша дуои мӯйсафедонро гирифтан даркор.

Бисанг. То дина кор кардед? Охир, ба хизмат рафта истодаед, се-чор рӯз дам гиред намешавад?

Моҳрӯ дар даст мурчдон ва чойнаку пиёла меояд.

пешина
аз 323
навбатӣ