Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Холиқ. Хайр, охир тӯятон, ки бошад, гузаштан гиретон.
Робиа. Баҳузур шинетон, ҳозир шӯрбо мекашам.
Бисанг. Гурусна ҳам монда бошетон даркор.
Моҳрӯ. Не-е, хӯрок хӯрдем.
Карим. Зиёфат болои зиёфат шуд.
Бисанг. Илоҳи барака ёбанд.
Аҳмад. Ҳа, имсол тантана зӯр. Чор атроф карнаю сурнай.
Холиқ. Шавад-дия!
Робиа (Кариму Моҳрӯро бо диққат синча карда). Не, ҳар дуятон ҳам дурӯғ мегӯетон. Бо тантана овора шуда, хӯрокхӯриро фаромӯш кардагӣ шумо. Рангатон мана ман гуфта истодааст.
Кариму Моҳрӯ аз таҳи дил механданд.
Карим. Фаҳмиданд-а?
Моҳрӯ. Рост, фаҳмиданд.
Холиқ. Кудо зирак-дия.
Аҳмад. Ин девор набошад, одами дар кӯча бударо бемалол дидан мегирад.
Робиа. Ҳа, таъриф кунед. (Ба хона даромаданӣ мешавад).
Моҳрӯ (тозон рафта). Оҷаҷон, шумо рафта шинед, ман кашида меоям!
Робиа. Не, духтарам, садқаатон шавам, шумо имрӯз аз ҳама кор озод. (Бо ҳазл ниқта карда). Аз паҳлӯи шавҳаратон ҷудо нашавед!
Робиа хандида, ба хона медарояд. Моҳрӯ омада, дастархонро ба тартиб медарорад.
Аҳмад (ба Карим). Хайр, нағз гузашт-мӣ, охир?
Карим. Хеле нағз гузашт, дадо.
Моҳрӯ. Артистони номдор омаданд. Даъватшавандаҳоро табрик карданд, баъд консерти калон нишон доданд.
Холиқ. Мо ҳам равем мешудааст-ку-а, кудо?
Аҳмад. Ҳа.
Моҳрӯ. Чаро нарафтетон?
Холиқ. Ҳамин модарат-дия, ин буд, вай буд гуфта...
Бисанг. Ҳаммая мону аммая меҳмон. Тамошо бошал, дигар рӯз ҳам мешудагист.
Робиа (ҳазломез). Инҳо раванд, ба арзи шоҳмот кӣ мерасид?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо