Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Робӣа. Куҷо меравед? Ҳеҷ ҷо намемонам!
Аҳмад. Гузаретон, базмро давом диҳетон!
Ҷавон. Ба дигар хонаҳо ҳам меравем, амакҷон.
Духтар. Дар чанд ҷо ба мо маҳтал.
Робӣа. Не, нашинетон намешавад. Ман махсус тайёрӣ дидам, ки шуморо зиёфат мекунам гуфта. Имрӯз хонаи мо тӯй, садқаатон шавам.
Карим. Хайр, ҷӯраҳо, духтарон, модарамро ҳафа накунед. Камтар шинетон. Мӯл намедорем.
Ҷавон. Худат медонӣ, Каримҷон, наравем намешавад. Боз меёем.
Карим. Хайр, майлаш, очаҷон, дигарон ҳам интизор.
Моҳрӯ. Ҳар як даъватшавандаро ҳамин хел ба хонаҳояшон бо тантана гусел карда истодаанд. Сонӣ ҳама ба клуб мераванд.
Аҳмад. Ин тавр бошад, майлаш, дигаронро интизор накунетон.
Карим. Бо ҳамин шарт, ки баъд ба ин ҷо меоянд.
Моҳрӯ. Набошад намемонем. Хуб?
Карим. Албатта.
Ҷавон (дар даст аппарати суратгирӣ). Истетон, истетон! Якто барои хотира расм гирем. Канӣ, ҳама ба як ҷо ғун шавед!
Аҳмад. Мана ин гапи дигар!
Холиқ. Маслиҳати оқилона!
Аҳмад. Хӯш, кампирхон, даррав ба паҳлӯям биё! Кудо, биёетон!
Ҷавон. Чеҳраи ҳама кушод ва хандон бошад! Ҳо, хола (ба Бисанг) қавоқатонро кушоед! Каримҷон, ба келин чафстар шавед! Боз андак! Ҳа, нағз! Одамони дар қафо буда наменамоянду. Саҳл болотар истед! Ҳа, ана! Хӯш, диққат! Мегирам!..
Ҷавон. Акнун ба мо иҷозат, Каримҷон.
Карим. Раҳмат, ҷӯраҳо, албатта меоетон. Мо мунтазир мешавем.
Меҳмонҳо. Хайр.
Мезбонҳо. Хайр.
Меҳмонҳо мераванд. Кариму Моҳрӯро ба суфа даъват мекунанд. Онҳо қабул намекунанд.
Карим. Не-е, мо дар ин ҷо мешинем.
Моҳрӯ. Ҳа, мана дар ин ҷо мешинем.
Робӣа. Гузаретон. Имрӯз тӯи шумоён. Ҳақ доретон!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо