Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

хунукӣ сахт шуда монад, азоб накашанд гуфтам-дия, қудо.

Робиа. Бечора, ғами домодашонро хӯрдаанд-дия.

Бисанг. Дар мусофират даркор мешавад, қудо.

Аҳмад. Ҳоҷати ин ташвишҳо не, қудо. Ба куҷо ба хизмат раванд, мувофиқи обу ҳавои ҳамон ҷо либосҳои нағз медиҳанд.

Холиқ. Ҳа-дия, баробари рафтан се қабат либос медиҳад.

Бисанг. Надонам, даркор мешавад гуфтаam-дия.

Аҳмад (даҳони халтаро кушода). Ана инашро бинед: зардолу, чормағзу мавиз, қурут! Қатлама! Фатир! Эҳ-хе-е, барои бардошта рафтани инҳо як шутур ҳам даркор будагист?

Холиқ. Қанд зан! Даҳ-дувоздаҳ кило турбу шалғаму се-чорто паловкаду ҳам наандохтӣ-дия?

Робиа. Ҳе, ба шӯрбои гарм афтед, қудоҷон, чӣ хел ташвишҳо кашида гаштед? (Ба Аҳмаду Холиқ). Хайр, майлаш, бечораро масхара накунетон. Аз сараш нагузаштагӣ бошад, чӣ кор кунад?

Бисанг. Рост, ман аз куҷо донам? Бо поезд мерафта бошанд, гирифта мераванд-дия гуфта...

Робиа (чой нишон дода). Канӣ, қудоҷон, ба боло гузаред. Садкаатон шавам, бемалол даматонро гиред. Бор мебардорам гуфта, аз ҳол рафтед.

Бисанг (нишаста, омин мекунад). Омин, илоҳо сиҳат раванду саломат баргарданд! Оллоҳу акбар!

Холиқ (ҳазломез). Барои ҳамин кораْت, имрӯз сад-то мезанӣ!

Бисанг (ҳайрон шуда). Шуморо?!

Аҳмад (хандида). Сад грамм шампон мегиред, мегӯянд!

Бисанг. Ҳа-а. Чаро як пиёла не?

Механданд. Овози тору доира ба гӯш мерасад. Кариму Моҳрӯ чун арӯсу домоди нав, дар даст гулдастаҳо, дар пеш, аз қафои онҳо ҷавопону духтарои рақскунон меоянд. Ҳозирон онҳоро бо завқу завқ пешвоз мегиранд.

Аҳмад. Ӯҳ-ӯ, базм калон-ку!

Холиқ. Охир, тӯй-дия.

Робиа. Тӯй аз нав такрор мешавад! (Ба рақс ҳамроҳ шуда, каме мерақсаду ба меҳмонон суфраро ишора мекунад). Канӣ, садкаатон шавам, ҳамаатон ба суфа гузаред!

Духтар. Раҳмат, холаҷон, мо меравем.

пешина
аз 323
навбатӣ