Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
кори дунё ҳамин хел. Ба дари шумо ман меравам, ба дари ман шумо меоед! Рафтуомад!
Бисанг. Ҳа-а, аламатонро гирифted-дия, қудоҷон!
Робиа (дарро калонтар кушода). Марҳамат, дароед! Ин қадар бору бӯғчаи бисёр бардоштед? Мабодо кӯчида наомада бошед?
Бисанг. Кӯчида омадам, қудоҷон, кӯчида омадам!
Бисанг дар даст бӯғчаи калону дар китф халтаяи пур аз бор намоён мешавад. Ҳарчанд зӯр мезанад, даромада наметавонад. Робиа зуд аз дасташ бӯғчаро мегирад, ба даромадан ёрӣ мерасонад. Бисанг медарояду бо бораш меафтад. Робиа аз бағалаш бардошта, механдад.
Робиа. Ҳе, гӯр коратон шавад, чиҳо бардошта гаштед?
Аҳмад. Ба ягон ҷо кӯчида рафта истодаед-мӣ?
Холиқ. Гову гӯсолашро ҳам наовардааст-дия! (Механдад).
Бисанг. Ҳа, боз шумо гап занед! Рафта худатон биёред, миёнатон мешикаст магар? Шумо, мардак дар ин ҷо маишат карда шинеду мани бечора борбардорӣ кунам. Лӯлизан барин кӯча ба кӯча хӯрчину халта бардошта гаштаам.
Робиа. Охир, шуморо кӣ маҷбур кард, ки ҳамин қадар бор бардошта гардед?
Бисанг. Ҳе-е, қудо, камтар меваю майда-ҷуйдаҳои роҳ гуфта...
Бисанг лингаро назди суфа оварда мемонаду арақи сару рӯяшро пок мекунад.
Робиа (бӯғчаро наздиктари Аҳмаду Холиқ оварда мекушояд). Бай-бай-бай, ғайр аз шири мурғ дигар ҳама чиз будагӣ барин-ку! (Як-як бароварда, намоиш дода). Телпак!.. Камзӯли пахтагин!.. Пайпоқи мӯина!.. Мӯза!.. Валенка! (Қоҳ-қоҳ зада хандида). Э, садқатон шавам, қудоҷон, ба Қутби Шимолӣ меравед магар?!
Бисанг (ҳавотиромез). Чӣ, нодаркорашро овардаам?
Робиа. Ҳамааш ҳам даркору...
Холиқ (аз ханда худро базӯр дошта). Ин хаёл кардааст, ки домодаш барои мардикорӣ ба Қутби Шимолӣ меравад!
Аҳмад (хандида). Кори аҷоиб кардед-дия, қудо!
Бисанг. Охир, ба ҷои ноозмуд мераванд, мабодо

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо