Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Х о л и к. Худатон медонед-ку, якрави кӯҳна. Як кор то дилангеш барин нашавад, қаноат намекунад.

А х м а д. Хислатҳои аҷоиб доранд, қудо.

Х о л и к. Ҳе, гӯр хислатҳояш шавад, баъзан аз ҳад гузашта меравад. Ҳай-пай накунед...

Р о б и а. Не-ё, акнун вай пештара барин не, абрешим барин мулоим шудагӣ.

Х о л и к. Якто гап занам, қудо, шумо одам кардед ӯро. Як гапашро гардонда намешуд. Хоҳ дуруст бошаду хоҳ не, гапам гап гуфта истодан мегирифт.

А х м а д. Ҳеҷ гап не, нағз шуда мераванд.

Х о л и к. Қошки, нағз мешуд гӯед-а.

Р о б и а. Одам пир шавад, баъд ақлаш медарояд. Ҳоло он кас ҷавон. Аз ман панҷ сол хурд.

А х м а д (бо шӯхӣ). Кампирхони мо ҳам пир шуда, баъд ақлаш даромад!

Р о б и а. Ҳе, кӯр шавед-е, худи шуморо ман одам кардам!

Ҳар се қоҳ-қоҳ зада механданд. Дари кӯча тақ-тақ мешавад. Овози Бисанг ба гӯш мерасад.

Б и с а н г. Қудо! Ҳо-о, қудо!

Р о б и а (ба Холиқу Аҳмад). Истетон, ман ҳам як боб кунам. (Ба назди дар рафта, мутакаббирона). Қудо нагӯед!

Б и с а н г. Қудоҷон!

Р о б и а. Қудо нагӯед нагуфтам?!

Б и с а н г. Ин ман — қудоятон, қудоҷон!

Р о б и а. Қудоятон мурдагӣ! Қудо-пудо нагӯед!

Б и с а н г. О, ман қудоятон!

Р о б и а. Ман қудо-пудо надорам! Равед, роҳатонро гиред! Ба хонаи ман қадаматонро намонед!

А х м а д у Холик, аз ханда базӯр худро медоранд.

Б и с а н г (дарро сахттар кӯфта). Ҳо-о, қудо! Қудоҷон!!

Р о б и а. Дафъ шавед, ман аз лӯлиҳо қудо надорам!

Б и с а н г. Ман, лӯлӣ не, ман қудотон, қудоҷон!

Р о б и а (аз таҳи дил хандидаю дарро кушода). Марҳамат, қудоҷон, дари мо ба рӯи шумо ҳамеша кушода!

Б и с а н г. Наход ман дарро гум карда бошам гуфта...

Р о б и а. Ҳайрон шудед-а? Садкаатон шавам, қудоҷон,

пешина
аз 323
навбатӣ