Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

шавам, шумо дӯст медоред гуфта, бо ҳафсала барракабоб кардам. Қудо, шумо чаро намехӯред?
Холиқ. Кай медонед, ки ман намехӯрам?
Робиа. Ош шавад, қудоҷон, ош шавад.
Аҳмад. Инҳо ҳаял карданд-ку?
Робиа. Омада мемонанд.
Собиров (як бурда гӯшт ба даҳон андохта). Кабоб не, мумиё пухтед-дия, хола. Асло дастатон дард набинад.
Холиқ. Қудоямон дар пазандагӣ ҳам ягона.
Аҳмад. Охир, устодаш мо-дия!

Механданд.

Собиров. Хайр, акнун ба ман ҷавоб.
Робиа. Чаро саросема мешавед, садқаатон шавам,
раисҷон?
Аҳмад. Камтар дам гиред, меравед-дия. Ҳозир бачаҳо меоянд. Базм мекунем. Андак дилхушӣ карда...
Собиров. Боз ба ҳавлии чанд кас рафтанам даркор. Мумкин баъзе даъватшавандаҳо бо ягон кори зарурӣ ба идора оянд.
Робиа. Раҳмат, раисҷон, омада истед.
Собиров. Хуб, холаҷон. Раҳмат барои зиёфат.
Холиқ. Зиёфати калон акнун сар мешавад, раис.
Аҳмад. Ин ҳанӯз дастархони маслиҳат!
Собиров. Ин тарафаш дар ҳавлии мо шавад-чӣ?
Аҳмад. Ба савобаш кӣ мерасад?

Ҳар се механданд. Аҳмаду Холиқ Собировро то берун гусел мекунанд.

Холиқ (ба Аҳмад). Канӣ, акнун шоҳмотро гиред!
Аҳмад. Ҳозир, қудо.
Робиа. Аввал бемалолакак нишаста, маишат кунетон. Шоҳмот гурехта намеравад.
Холиқ. Хӯрдем, қудо, маишат ҳам кардем.
Робиа. Ҳамин ҳам хӯрокхӯрӣ шуду...
Аҳмад. Пешакӣ иштиҳоро набанд. Шӯрборо кай
меорӣ?
Робиа. Шӯрбо тайёр. Намедонам, ки кашам ё не.
Инҳо хеле ҳаял карданд-ку қудо?
Холиқ. Омада мемонанд. Кадом як чизеро дӯхта истода буд.
Робиа. Барои дӯхтан дигар рӯз ёфт мешудагист?
Омада-омада дар ҳамин рӯз дӯхтан шарт магар?

пешина
аз 323
навбатӣ