Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Робия (дарафтода, бо ҳазл). Боз кампир гуфтед?!
Аҳмад. Ҳай-ҳай-ҳай, банда тавба кардааст, кампирхон!
Робия. А-а?!
Аҳмад (даст бардошта). Шуд! Таслим!
Собиров. Тарсидед-а?
Аҳмад. Натарсида ҳам бинед.
Холиқ. Кудои мо на гапашонро медиҳанд, на корашонро. Қанд занед, кудо. Ман қоилам.
Аҳмад. Кудоятона маззааш рафта мондагӣ.
Робия. Маззаи худам рафтагӣ гӯед?

Ҳар се механданд.

Аҳмад. Нафакахӯр шудан баъд боз чӣ ҳақ дорӣ? Лекин ман ба ин қоилам. Имсол ҳам аз ҳар куттӣ як саду панҷ килогӣ пилла супурд.
Собиров. Хола зӯр. Дар кирмакпарварӣ ягон кас ба ин кас нарасидааст. Кавалери ордени Ленин шудан осон магар?
Аҳмад. Ордени меҳнат ҳам дорад.
Холиқ. Кудои мо-дия.
Собиров. Шумо ҳам заршинос, амак, дониста кудо мешавед.

Механданд.

Аҳмад (дасташро ба китфи занаш партофта). Мо ҳам аз вай ҳафтафаҳмҳо нестем-а, кампирхон?
Робия. Албатта. «Очаашро дида, духтарашро гир», гуфтаанд. Агар ба дидам тӯғрӣ наояд, як қадам ҳам намемондам.
Собиров. Умуман, ҳар ду оила ҳам як себи дукафон, арӯсу домод ҳам!
Холиқ. Кӯша пир шаванд шуд, кудочон.
Робия. Ҳаминро гӯед, садкаатон шавам, кудочон. Илоҳо набераю абераҳояшонро бинем-дия!
Собиров. Албатта мебинед, хола. Шумо ҳанӯз ҷавон. Орзу мекунем, ки асло пир нашавед.
Робия. Ин тавр бошад якто қарор карда медиҳед!
Собиров. Чӣ хел қарор?
Робия. Фалончӣ умрбод пир нашавад, дар дунё ҳанӯз кораш бисёр гӯед.
Собиров. Хуб, холаҷон, қарор бошад, қарор-дия!
Робия (табақи барракабобро наздиктари раис тела дода). Охир, аз ин гирифта шинед, раисҷон. Садкаатон

пешина
аз 323
навбатӣ