Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Собиров. Аслаш бо тантанаи калон гусел кардан даркор.
Холиқ. Албатта.
Собиров. Барои ҳамин як ҳафта ин ҷониб тайёрӣ мебинем. Военкомат ҳам хурсанд, падару модарон ҳам.
Робиа. Садкаатон шавам, раисҷон, ҳар чиз ба одат вобаста. Як-ду бор нағзакак гузаронед, одат шуда меравад. Ҳамту не?
Собиров. Рост мегӯед, хола.
Робиа. Агар ба одат дарояд, сол аз сол нағзтар шуда рафтан мегирад.
Аҳмад (ба китфи занаш зада монда). Лекин каллаат нағз кор мекунад, кампирхон. Агар садто занӣ, тамом булбули гӯё мешавӣ!
Робиа. Хе-е, (даст меафшонад) дар бадан набушад, дусадто занед ҳам, ғирингатон намебарояд!
Холиқ. Рост мегӯед, қудо. Гапдонӣ ҳам санъати худодод.
Собиров. Ана ҳамин хел, холам барин гапдонҳо лозиманд, ки ба модарон дурустакак фаҳмонанд.
Аҳмад. Дуруст.
Собиров. Баъзеҳо гирья, нола мекунанд, мӯйканӣ мекунанд. Гӯё аз писарашон умрбод ҷудо шуда истода бошанд. Ин нағз не. Баръакс дили бачаро бардоштан даркор. Бо нияти нағз, хурсандии калон гусел кардан лозим. Ҳамту не, хола?
Робиа. Ҳа-дия. Садкаатон шавам, дили бачаро ҳичил кардан чӣ даркор? Вай бо дили тахт равад, аз падару модар парешон нашавад-дия.
Аҳмад (ҳазломез). Хе-е, ба ақлат қоил ман, кампирхон!
Робиа (бо ҳазл). Чаро имрӯз фақат кампир, кампир мегӯед? Ҳамин қадар рӯз ин ҷониб хоними дарбор будему акнун кампир шудем?
Холиқ. Ҳазл мекунанд-дия, қудо.
Собиров. Шумо умуман пир намешавед, хола.
Холиқ. Палакашон тоза-дия, раис. Кампири мо барин палакмурда не!
Аҳмад. Ба назаратон ҳамин хел метофтагист?
Робиа. Қудои мана наҳ назанед, қудо. Ҳанӯз духтарча барин аст занатон.
Собиров. Он кас ҳам ба пир шудан вақт надошта бошанд-чӣ?
Аҳмад. Албатта. Ҳоло кори бисёр дар пеш. Хоҳанд, ки ҳамеша булбули гӯё шаванд, аз кампири мо...

пешина
аз 323
навбатӣ