Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Холиқ (қадаҳро гирифта). Оббо, кайҳо ин ҷонварро фаромӯш карда будаму...
Аҳмад (ба Робиа). Хӯш, хоними дарбор, шумо ҳам камтаракак-а?
Собиров. Албатта.
Робиа. Ҳе-е, маро кӣ мондааст ба майнӯшӣ?
Холиқ. Ин май не, оби замзам мегӯянд-ку. Ман ҳам нӯшида истодаам.
Робиа (даст афшонда). Ҳа-а, ҳамаш ҳам як гӯр.
Аҳмад. Якто зан, баъд хурсанд мешавӣ!
Робиа. Қудоям биёянд, мо баъд менӯшем.
Собиров. Хайр, майлашон, бо кадомаш хурсанд бошанд, ҳамонашро кунанд. Дар ин рӯз касе набояд озор бинад. Бояд ҳама хурсанд бошанд.
Холиқ. Рост мегӯед, раис.
Собиров. Хӯш, (қадаҳро бардошта) барои сиҳату саломат рафта, хизматро аъло ба ҷо оварда омадани Каримҷон!
Ҳар се қадаҳ мебардоранд.
Робиа. Раҳмат, раисҷон, ош шавад. (Табақи холиро гирифта, ба хона медарояд).
Собиров. Соҳибони тӯй наменамоянд?
Аҳмад. Имрӯз вохӯрии даъватшавандаҳою мактаббачаҳо мешудааст. Дина бо комсомолон шуда буд. Ҳар рӯз ба ҳар куҷо чег мезананд. Худаш то бегоҳ кор мекунад.
Собиров. Военкомат бисёр тадбирҳои аҷоиб гузаронида истодааст-дия.
Холиқ. Пештар ҳамин хел корҳо набуд-а?
Собиров. Кардан мумкин буду ҳавсала надоштанд. Рости гап худи мо ҳам ҳавсала надоштем. Ҳамту не, Аҳмад-ака?
Аҳмад. Рост.
Холиқ. Фақат гирьяю нола буд-дия. Як кас намегуфт, ки «ҳой, нияти нағз кунетон, сиҳат рафта, саломат оянд».
Аҳмад. Намефаҳмиданд-дия, намефаҳмиданд. Гумон мекарданд, ки гӯё бачаашон мераваду гашта намеояд.
Собиров. Албатта, ҳама ҳамон тавр набуд-куя.
Аҳмад. Ҳа, баъзеҳо нағз гусел мекарданд. Одам ҳар хел мешавад-дия.
Робиа дар даст чойник меояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо