Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
ман рафтанд, ки хӯш, ки бошад, «Ҷон раис, писари ман аз ҳамин навбат намонад. Аз ҷӯраҳояш монад хафа мешавад» гуфтанд. Дигар модар мешуд, ин навбат монда истед гуфта илтимос мекард.
Холиқ. Медонанд-дия. Ҳар як кор дар вақташ бояд шавад.
Аҳмад. Рост. Бо дили ғаш гаштан чӣ лозим? Тезтар рафта ояд, ана сонӣ бо хотири ҷамъ корашро давом диҳад.
Собиров. Механизатори машҳур шуда меравад.
Робия дар даст лагани машруботу қадаҳҳо меояд. Лагандро ба дастархон монда, ба Аҳмад менигарад.
Робия. Шаҳ-шаҳатонро монеду ба арзи инҳо расед.
Аҳмад. Э, қандата зан, занҷон!
Робия. Бемалол маҳнат кунетон. Имрӯз тӯй!
Аҳмад (ба қадаҳҳо май кашида истода). Худи ту ҳам имрӯз «садта» мезанӣ, ҷонакам. Хуб?
Робия. Чӣ? Ман?
Аҳмад. Ҳа, ба хурсандии тӯи писарат менӯшӣ!
Холиқ. Ҳамин рӯз нанӯшед, кай менӯшед?
Собиров. Дуруст мегӯянд. Ин тӯй аз ҳама тӯйҳо калонтар шуда монд. Дар воқеъ ин шаб ба шарафи даъватшавандаҳо шабнишинии калон мешавад. Ҳамаатон марҳамат мекунетон.
Аҳмад. Аниқаш кай мераванд?
Собиров. Пасфардо, соати ҳашти бегоҳ. Аввал дар клуби совети қишлоқ зӯефати калон мешавад. Баъд митинг. Баъди митинг базми калон мекунем. Аз ҳамон ҷо усулу рақскунон ва ашӯлагӯён рост ба вокзал меравем. Мебинем-дия, чӣ хел ҳунаратонро нишон медиҳед.
Холиқ. Ид мешудааст-дия, ид.
Собиров. Ҳа, сайли калон мешавад.
Аҳмад (қадаҳ дароз карда). Мана, раис, марҳамат кунанд. Аз ангури худамон.
Собиров (қадаҳро гирифта). Хайр, кайҳо ин ҷониб нанӯшида будам-ку, барои хурсандии имрӯза менӯшам.
Аҳмад (ба Холиқ). Марҳамат, кудо!
Холиқ. Ман наменӯшам-ку. Худатон медонед.
Аҳмад. Хе-е, гиред-дия. Одам дар ҳамин хел рӯзҳо нанӯшад, кай менӯшад?
Собиров. Оби ангур-ку, гирифтан гиред.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо