Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

барин. Писари вай ҳам меравад-дия. Се-чор сатил лой кашондаму узр хостам, ки домоди мо ҳам меравад.

Собиров. Ҳа, писараш меравад. Худаш инвалиди ҷанг, занаш сербача. Хӯш, ки бошад, ҳарчанд гуфтам, ки писаратро гапзанон карда, гирифта монем, қабул накард. «Писари ман аз писарони дигарон чӣ камӣ дорад»
гуфта, хафа шуд. Баъд барои таъмири хонааш ҳашар эълон кардем.

Холиқ. Раисҷон, мо ҳам аз кори савоб бехабар намонем, ба комиссия гуфта монед, ҳамин хел ҳашарҳо шаванд, моро ҳам хабар кунанд.

Аҳмад. Ҳа, аз дасти мо ҳам кор меояд.

Холиқ. Албатта.

Собиров. Шумо — нафақахӯрҳо бемалол маишат када гаштан гиретон. Замин кафида ҳашарчӣ рӯндааст.
Колхоз ҳам ёрӣ мерасонад.

Дар даст табақ Робия медарояд.

Робия. Биёед, раисҷон, хуш омадед!

Собиров. Салом, хола! Чӣ тавр, шумо хафа нестед?

Робия. Барои чӣ хафа мешудаам? Садкаатон шавам, одам аз хурсандӣ намонад.

Собиров. Ҳе-е, баъзе модарон ҳастанд, аз доду
фарёд гӯшамро кар карда истодаанд.

Робия. Ҳар чӣ бошад ҳам модар-дия, укаҷон. Дили модар аз санг сахту аз гул нозук мешавад. (Табакро ба рӯи дастархон гузошта) Охир, одам... (оби дида пок кардаю маҳзун шуда) бача гуфта, як умр, шаба шаб нагуфтаю рӯза рӯз нагуфта ҷон мекохонидааст.

Аҳмад (хандида). И-е, ба ту чӣ шуд, ҷонакам? Навакак булбули гӯё будӣ-ку?

Холиқ. Ба ҳар ҳол як кунҷи дилашон-а?..

Собиров. Не-е, ин кас аз вай модарҳо нестанд.
Тамоман одами дигар. Босабру батоқат. Ҳамту не, хола?

Робия. Ҳа, як...

Аҳмад. Ҳе-е, аз хурсандӣ. (Ба занаш). Имрӯз, ки тӯй бошад, аз вай «нағмаҳоят» намебарорӣ?

Робия. Э, гӯр хушам шавад. Ҳозир. Ҳозир! (Шитобон ба хона меравад).

Собиров (аз паси ӯ). Дили модар-дия.

Аҳмад. Як хориаш меояду баъд аз як фурсат дидед, ки боз ҳамон кабки хушхон.

Холиқ. Ба пуртоқатии ин кас қоил шудан даркор.

Собиров. Аз кампирҳои замонавӣ-дия. Ба назди

пешина
аз 323
навбатӣ