Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Собиров. Аҳмад-ака, писаратон рафт! Ман гусел карда омадам.
Аҳмад (гӯё нашунида). Хайр, рафта бошад ҳам, шаҳ!
Холиқ. Аввал ба шаҳ ҷавоб диҳед, қудоҷон!
Собиров (бо тамоми овозаш дод мезанад). Хезед аз ҷоятон!
Ҳар ду як қад парида ҷаста аз ҷой мехезанд.
Ҳар ду (илтиҷоомез). Мебахшед, раисҷон...
Собиров. Хайрият, ҷонатон будааст-ку. Ман гумон кардаам, ки чун ҳайкали сангин шаҳ шуда мондетон. Бозӣ ҳам ба эбаш будагист-е.
Аҳмад (саросемавор ҷой нишон дода). Кани, марҳамат, раисҷон, аз боло гузаред!
Собиров (ба боло гузаштаю чорзону нишаста). Аз бекорхочагӣ фақат шаҳ шудааст-дия?
Холиқ. Чӣ кор мекардем? Нафақаро хӯрда...
Аҳмад. Эрмак-дия, раисҷон, эрмак. Ин ҳам ҳамеша не, баъзан.
Собиров. Хӯш, ба мо ягон хизмат ҳаст ё не?
Аҳмад. Чӣ хизмат мешуд, раисҷон? Акнун хизмат аз мо-дия.
Собиров. Ба ҳар ҳол як чиз-ним чиз зарур бошад... Хӯш ки бошад, шарм накарда гуфтан гиретон. Тӯй-дия.
Аҳмад. Хе-е, раисҷон, ҳама кор сад фоиз. Писарамон сиҳат-саломат рафта, хизматашро нағз иҷро карда биёяд, давлати калон. Аз ин дигар ҳеҷ чиз даркор не ба мо.
Собиров. Раҳмат, Аҳмад-ака. Баъзе мӯҳточҳо ҳам ҳастанд-дия. Ё хонаашон таъмир накардагӣ, ё ангишту хезум надоранд...
Холиқ. Дуруст мегӯед, раис. Баъзе бедастьёрҳо ҳам ҳастанд. Ба онҳо ёрдам расондан даркор, албатта.
Собиров. Махсус комиссия ташкил кардем. Рӯзгори ҳамаи даъватшавандаҳоро аз як сар дида мебароянд. Хӯш. ки бошад, кӣ ба чӣ мӯҳточ, ба ҳисоб мегиранд. Ана сони, зуд ба иҷрояш ҳаракат мекунем.
Холиқ. Раҳмат, раис. Ғамхорӣ кардан даркор. Онҳо барои халқ хизмат мекунанд.
Аҳмад. Комиссия бошад, бисёр кори оқилона шудааст.
Холиқ. Омада истам, дар ҳавлии Исматбой ҳашар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо