Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
карда) аз ҳамон гӯшти барра камтар «вагуррӣ» кун, ҷонакам. Ҳозир раис меоянд.
Р о б и а. Кадом раис? Акрамов-мӣ?
А х м а д. Не, ҳукумат — раиси қишлоқ.
Р о б и а (ба Холиқ). Кудо! Аз кудои ман дарак неку.
Х о л и к. Омада мемонад.
Р о б и а. Боз ароз накарад бошанд?
Х о л и к. Не-е, чин зад-мӣ? Акнун ақлаш даромадагӣ.
Р о б и а. Чӣ хел мана боб карда буданд-а. Садкаашон шавам, «Кудо нагӯй, ба ҳавлии ман дубора қадаматро намон!» гуфтанд-а!
А х м а д. Охир, ту ҳам пашшаи хира барин рафтан гирифта бошӣ, аз ҷонашон сер шудагӣ-дия.
Р о б и а. Духтардор ҳамин хел ноз мекунад-дия. Одам рафтан мегирад. Хира, нашавед намешавад.
Х о л и к. Хе-е, қариб мана аз хона зада ҳай кардагӣ буд.
Р о б и а. Ман ҳам гадои шилкин барин рафтан гирифтам-рафтан гирифтам. Охир мум барин об кардам-дия.
А х м а д. Ҳа-а, ту намемонӣ.
Р о б и а. «Не» гуфта шинанд, чӣ кор мекардем?
А х м а д. Рав, кампир, ба мо халал нарасону аз паи кор шав. Лаккида шиштан гирӣ, ҳозир омада мемонанд.
Р о б и а. Шӯрбо андохтам, ҳозир манту мебандам.
А х м а д (норозӣена). Оббо, кампирхон-е, раис қабоби дегиро дӯст медоранд-ку, мантуро сонитар кунӣ ҳам мешудагист?
Р о б и а. Ҳозир-дия, садкаатон шавам, ҳозир кабобу гап. (Меравад).
А х м а д (аз паси ӯ). Ҳа-а, худат медонӣ-ю... (Ба шоҳмот ҳам шуда). Хӯш, кадомашро гаштед?
Х о л и к. Ана ин пиёдаро.
Ҳар ду ба сари шоҳмот ҳам шуда оламро фаромӯш мекунанд. Дар даст чизи коғазпеч раис Собиров меояд.
С о б и р о в. Салом! (Онҳо алек намегиранд). Салом, кудоҳо! (Онҳо парвое намекунанд). Салом мегӯям).
А х м а д (нигоҳ накарда). Ҳа-а, салом, як аспро қурбон мекардему як фил ғанимат мешудааст... Хӯ-ӯш, ки бошад...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо