Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Худаш медонад. Тақдираш ҳамин бошад, ман чӣ кор карда метавонистам...

Роб и а. Ҳа, мана ин гапи дигар, садқаатон шавам, қудоҷон! То шумо розӣ нашавед, тӯй намекардам-а. Охир, бе дилҳунукӣ шавад, ба савобаш кӣ мерасад?

Бисанг (табассум намуда). Охир, духтардор ноз мекунад-дия, қудоҷон.

Роб и а (Бисангро ба оғӯш кашида). Вай, садқаатон шавам, қудоҷон!

Бӯсобӯсӣ мекунанд. Моҳрӯ инро дида, завқ мекунад.

Парда

Намоиши дуюм

Ҳавлии Аҳмад. Хонаҳои сафеду айвонҳои барҳаво. Атроф дарахт- оор, рӯи ҳавлӣ гулу гулзор. Дар миёнаҷои гулзор суфаи калон. Ба суфа қолину курпачаҳо паҳн кардагӣ. Аҳмад ва Холиқ дар кунҷи суфа нишаста, шоҳмот мебозанд. Робиа дар як даст ла- ганди дастархонҷечу дар дасти дигар чойник аз хона баромада, афсӯсомез сар меҷунбонад.

Роб и а. Гӯр бозӣ шавад. Аз пагоҳ то ҳол шах, шах! Дам мегиретон ё не? Садқаатон шавам, аз ин тараф-он тараф гапзанон карда шинетон намешавад? (Дастархон- ро назди онҳо кушодаю нонро пора карда). Марҳамат, қудоҷон, аз ин нону мева хӯрда шинетон. (Аҳмадро ишо- ра карда). Ин кас, ки ба сари шоҳмот нишастанд, та- мом, олам сӯзад, парвое надоранд.

Хол и қ (хандида). «Олам сӯзаду кабоби қаландар пазад» гӯед-а?

А ҳ м а д (аспро пеш ронда). Кабоб гуфтед-мӣ? Шах!

Холиқ. Ҳа-а, ҳамин тавр-мӣ? Гардӣ!

Аҳмад (ришханд карда). Зада гирам, майлаш? Руҳатон меравад-дия.

Холиқ. «Ду рух бидеҳу аспи дилоро мадеҳ», гуф- таанд. Майлаш, як асп додем — додем-дия.

Аҳмад. Шумо аспбони кӯҳна-дия.

Хол и қ. Баръакс шумо «рухбозӣ»-ро дӯст медо- ред-а!

Ҳар ду коҳ-қоҳ зада механданд.

Роб и а (ба Холиқ чой дароз карда). Марҳамат, қу- доҷон. Садқаатон шавам, камтар дам гиретон, чой ҳам хунук нашавад.

Аҳмад. Гапат рост бошад, (бо дасташ ҳам ишора

пешина
аз 323
навбатӣ