Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Бисанг. Оё дигар қадаматонро намонед нагуфта будам?
Моҳрӯ аз роғи дари хона гӯш мекунад.
Робиа. «Аввал пурсиш, баъд кӯшиш», гуфтаанд, садқаатон шавам, қудоҷон.
Бисанг (оҳистатар). Хайр, оҳистатар гап занед. Чӣ мегӯед?
Робиа. Аввал дарро кушоед, ман дароям. Одамигариро ҳам худо зада рафт магар-е!
Бисанг (дарро кушода). Ҳа, мана, боз чӣ мегӯед? Тезтар гап занед, вақт надорам!
Робиа (даромада, ба лаби суфа нишаста). Садқаатон шавам, қудоҷон, шумо беҳуда ҷанҷол карда нагардед.
Бисанг. Хайр, гап занед, чӣ мегӯед?
Робиа. Ман гуфтаниам, ки акнун фоида надорад. Ош кайҳо пухтагӣ, фақат ба кашидан маҳтал.
Бисанг. Пухтагӣ бошад, худатон кашида хӯреду сари маро беҳуда ғаранг накунед. Фаҳмидед?
Робиа. Истед, қудоҷон, ман гап занам.
Бисанг. Фақат қудо нагуфта гап занед!
Робиа. Хайр, шуморо чӣ гӯям? Охир, қудо, ки ҳастед, қудо мегӯям-дия.
Бисанг. Ҳамту гапатонро гуфтан гиред.
Робиа. Хуб, майлаш, ҳамту бошад ҳамту. Гӯш кунед набошад, ба хона калонҳои қишлоқ омадаанд. Раис, ҳамсояҳо — ҳамаашон якдаҳана шудаанд. Яъне пасфардо тӯй будааст. Марди калони шумо розӣ шудаанд.
Бисанг (бо ҳаяҷон). Чӣ? Розӣ шуданд?!
Робиа. Ҳа, садқаатон шавам, худашон ҳамин хел маслиҳат додаанд.
Бисанг. Дадои Моҳрӯ?!
Робиа. Ҳа, марди калони худатон.
Бисанг (ба сараш зада). Э, вой дод! Ин сари берӯзиро ба куҷо занам?! (Мегиряд).
Робиа тасаллӣ медиҳад.
Робиа. Вазнин шавед, қудоҷон, вазнин шавед. Ба тақдир тан додан даркор. Писари ман ягон айбе надорад. Боақл, хушфеъл, зебо, падараш барин одаму одамиғариро медонад. Ба армия равад чӣ шудааст? Ин гуноҳ не-ку.
Бисанг (каме аз шасташ фаромада). Чӣ илоҷ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо