Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
дидаю ҳайрон шуда): Ин чӣ коратон? (Хандида). Магар бӯғчаро ба лӯлӣ тайёр карда будед?
Бисанг (гапашро гум карда): Вай, вай... сабил монад. Мабодо муш хӯрда намонда бошад гуфта, либосҳои арӯсинатро як аз назар гузаронам гуфта будам, ки лӯлӣ омада монд.
Моҳрӯ (ҳавотиромез): Наход?
Бисанг. Ҳа, зуд печонда, бастаму...
Моҳрӯ (каме хаёл карда): Истед, истед, дар ин ҷо муш чӣ дахл дорад? Ба рӯи ҳавлӣ бароварда, матоъ тит карданатон шарт буд? Ё лӯлӣ аз шумо илтимос кард, ки боигариатонро бароварда нишон диҳед?
Бисанг. Не-е!
Моҳрӯ. Набошад, чаро баровардед? Овозаю дарвоза карданатон фақат ба лӯлӣ монда буд?
Бисанг. Нодонӣ-дия, бачам, нодонӣ. (Ба дигар сӯ нигариста, тавба мекунад).
Моҳрӯ. Шукр кунед, ки нисфашро ба хӯрчинаш андохта нарафтааст!
Бисанг. Оё мемондам? Чунон боб кардам, ки қариб хӯрчинашро монда рафта буд!
Моҳрӯ. Оббо, очаҷон-е, лӯлиро ҳам мот мекунед-дия.
Бисанг. Ҳе-е, чунон соз кардам, ки дубора қадамашро ба ин ҳавлӣ намемонад!
Дари кӯча так-так мешавад, боз овози Робиа.
Робиа. Кудо! Садкаатон шавам, кудоҷон!
Бисанг тозон рафта, дарро танба мекунад. Моҳрӯ ҳайрон шуда, китф дарҳам мекашад.
Моҳрӯ. Ин чӣ коратон, оча?
Бисанг. Ба назарам ҳамон лӯлии бадбахт омад! Ту ба хона даро, ман худам боб мекунам.
Моҳрӯ. Барои чӣ? Ман аз лӯлӣ наметарсам. Вай ҳам одам-дия.
Бисанг. Даро мегӯям!
Моҳрӯ (китф дарҳам кашида): Чаро ба хона дароям? (Лабханд карда меравад).
Робиа. Дарро кушоед, кудоҷон! Садкаатон шавам, аз феълатон гардед!
Бисанг. Намекушоям! Аз феълам ҳам намегардам!
Робиа. Вақт надорам, кушоед тезтар, гапи зарур мегӯям!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо