Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

рафтани ман хурсанд бошед, ман меравам. Хоҳед, ҳозир меравам!

Б и с а н г. Ҳе, аввал гӯш кун, чӣ мегӯям!

Моҳрӯ. Чӣ гуфтанатонро ҳам медонам! Овора нашавед, ҳеҷ вақт гуфтаи шумо намешавад. Ҳамчун модар шуморо бечуну чаро иззату эҳтиром мекунам. Ягон хоҳиши шуморо рад намекунам. Лекин дар масъалаи муҳаббат...

Б и с а н г. Гапро нафаҳмида беҳуда дод назан, духтарам. Охир...

Моҳрӯ. Чӣ охир?

Б и с а н г. Беҳуда даргазаб нашав, ман тамоман дигар кас гумон кардаам.

Моҳрӯ. Чӣ хел дигар кас?

Б и с а н г. Лӯлӣ омада буд. Зада аз хона пеш кардам. Боз омаданӣ шуд, боз пеш кардам. Ана, баъд гашта наояд гуфта, дарро маҳкам кардам. Ман ҳамон лӯлӣ гашта омад гуфта...

Моҳрӯ (аз кардааш пушаймон шуда). А, ҳамту?! (Қоҳ-қоҳ зада механдад). Ҳе, гӯр коратон шавад, беҳуда шуморо хафа кардаам! Чӣ мекард? Лӯлӣ мехӯрд, магар?

Б и с а н г. Мана, акнун фаҳмидӣ. Худоя гуфта, то бердиаша гуфтана, алангӣ гирифта рафти-я. Аввал пурс буд. Наход ман туро беҳуда озор диҳам?

Моҳрӯ. Охир, худатон ҳам кори намезебидагӣ кардед-дия. Ҳа, лӯлӣ биёяд, омадан гирад. Шуморо чӣ кор мекард? Камтар мелаккиду ягон куртакӯҳнаатонро диҳед, хурсанд шуда, хӯрчинашро бардошта рафтан мегирифт.

Б и с а н г. Тарсидам-дия, бачам, тарсидам. Ягон найранг карда, чизу чораро бардошта наравад гуфтам-дия.

Моҳрӯ (Бисангро ба оғӯш кашида). Хайр, биёед, оштӣ, очаҷон. (Бӯсида). Маро мебахшед! Мебахшед-а?

Б и с а н г. Сад бор мебахшам, духтарам, ҳазор бор мебахшам!

Моҳрӯ. Ба ман ҳеҷ кас телефон накард?

Б и с а н г. Не, ҳа, гуфтагӣ барин Муҳайёхон занг зада буд.

Моҳрӯ. Чӣ гуфт?

Б и с а н г. Ростӣ гап чиҳо гуфт, фаромӯш кардам. Ана вай, лӯлизани лаққӣ омаду сару калобаамро гум кардам.

Моҳрӯ. Ҳеҷ кас наомад? (Бӯғчаи дар замин хобидаро

пешина
аз 323
навбатӣ