Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хайр, майлаш, дуои бадатон дар дахонатон монад. (Меравад, аз роҳ боз баргашта). Садкаатон шавам, қудоҷон, огоҳ карда монам, ки пушаймонӣ суд намебахшад. Ҳоло ҳам вақт нарафтааст. Боз як хаёл карда бинед, қудоҷон!

Бисанг. Ман хаёл кардам!

Робиа. Хайр, нағз монед, қудоҷон! (Меравад).

Бисанг. Дигар овора шуда набиёед, қудо! (Аз «қудо» гуфта монданаш пушаймон шуда, ба сӯи Робиа). Ҳе, марг, туф-е!

Робиа (баргашта омада). Ҳа, дар воқеъ, садкаатон шавам, қудоҷон...

Бисанг. Ҳе, бас кунед-е!

Робиа (рафтаю боз баргашта). Қудоҷон, мабодо...

Бисанг (бо ғазаб). Ҳе, дафъ шав-е! (Дарро сахт пӯшида, аз дарун танба мемонад). Қудо-я!

Дарро тела медиҳанд, тик-тик мекунанд, намекушояд.

Намимонам! Намимонам гуфтам, намемонам! Ба хонаи ман дигар қадаматро намон!

Сахттар тақ-тақ мешавад.

Овора нашав! Намемонам гуфтам, намемонам!

Дар бошиддат кӯфта мешавад, касе сахт тела медиҳад. Дар кушода шуда, Моҳрӯ медарояд. Бисанг рӯйнокӣ меафтад, биниашро дошта, дар рӯ ба рӯяш духтараш Моҳрӯро мебинад, аз кардааш пушаймон мешавад.

И-е, магар ин туӣ?

Моҳрӯ (бо ғазаб). Ман чӣ гуноҳ кардам?

Бисанг (бо таҳлука). Ман туро... ман туро...

Моҳрӯ. «Ба хона намемонам!», «Қадаматро намон!» Ин чӣ гуфтагиатон?!

Бисанг. Ман туро нагуфтаам, бачаҷонам, туро нагуфтаам. Медонӣ чӣ...

Моҳрӯ. Ман чӣ гуноҳ кардаам?

Бисанг. Худо занад, ки ман...

Моҳрӯ. Медонам шумо барои чӣ аз ман хафа. Ман ба домоди шумо мехоста нарасидам. Шумо аз қалингирӣ мондед. Овора нашавед, дар ду дунё ҳам хости шумо намешавад! Киро хоҳам ба ҳамон мерасам!

Бисанг. Ту чиҳо гуфта истодаӣ? Ман ана вай... гумон кардаам, ки...

Моҳрӯ. Шуд, фаҳмидам! Агар шумо барои аз хона

пешина
аз 323
навбатӣ