Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Бисанг одами бесавод, қафомонда будааст гуфта, айб мекунад, кудо.
Б и с а н г. Кудо нагӯед!
Р о б и а. Мегӯям, гуфтан мегирам. Акнун шумо кудои ман ҳастед.
Б и с а н г. Боз мегӯям, кудо нагӯед!
Р о б и а. А-а, барои якпула гап аз баҳри кудогӣ мебароед? Ин коратон нағз не, кудоҷон.
Б и с а н г. Гӯшатон кар бошад ҳам, бори дигар мегӯям, ки ман аз баҳри кудогӣ баромадам! Атрофам пурпур кудошаванда!
Р о б и а. Аҷиб-ку. Боз пушаймон нашавед, кудоҷон?
Б и с а н г. Пушаймон намешавам! Ман якто гап мезанам!
Р о б и а. Ҳамту?
Б и с а н г. Ҳамту!
Р о б и а. Ин тавр бошад, аз худатон бинед! (Бо қаҳр аз ҷой хеста, рафтанӣ мешавад). Садкаатон шавам, ба ҳар як тори мӯи писарам ҳазорто духтар!
Б i с а н г. Ба духтари ман ду ҳазорто! Се ҳазорто!
Р о б и а. Ман очааш бӯса накардаашро келин мекунам!
Б и с а н г. Ман «Волга»-дорашро домод мекунам!
Р о б и а. Ҳе, монед-е!
Б и с а н г. Ҳе, равед-е!
Р о б и а (писханд зада). А-а, равам? Ба ҳамин киликатон бе шумо тӯй кунам, саратонро ба куҷо мезанед?
Б и с а н г. Хобатонро ба об гӯед!
Р о б и а. Ҳа-а, хобамро ба об гӯям? Аввал шуморо аз хоби ғафлат бедор карда, баъд карнаю сурнай мекунам!
Б и с а н г. Маро пайғамбар ҳам бедор карда наметавонад!
Р о б и а. Ман-дия, бедор мекардагӣ. Ман! Чунон бедор кунам, ки чашматонро мош барин кушода монед. Ин гапҳоро монеду садкаатон шавам, кудоҷон, аз паи...
Б и с а н г. Кудо нагӯед гуфтам!
Р о б и а. Хоб, минбаъд кудо намегӯям, кудоҷон.
Б и с а н г. Бас, бас! (Даст меафшонад).
Р о б и а (бо ҳазл). Мебахшед, садкаатон шавам, кудоҷон.
Б и с а н г (бо ғазаб). Ҳе, марг ба кудоятон ҳаму марг ба худатон ҳам!
Р о б и а. Ҳа-хӯ, ҳатто ба кудоятон марг металабед?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо