Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Овози Робиа. Кудо-о! Хо-о, кудо! Кудоҷон!

Бисанг (ба қафои дар рафта, бо қаҳр). Кудоятон мурдагӣ!

Овози Робиа. А-а, чӣ гуфтед? Кудоям бурдагӣ? «Жигули» ё «Москвич»?

Бисанг. Бало бурдагӣ, бало!

Овози Робиа. Тезтар дарро кушоед, муборакбод кунам, кудоҷон!

Бисанг. Раҳатонро гиред! Кудоятон мурдагӣ гуфтам-ку!

Овози Робиа. А-а, ин чӣ гап! (Зӯран дарвозаро тела дода медарояд.

Бисанг пешвоз нагирифта сӯи бӯғчаи пароканда мешитобад.
Робиа аз пасаш рафта, аз китфаш медорад.

Бисанг (бӯғчаи либосҳоро печондаю сӯи Робиа ҳаво дода). Бардоред ин нағмаю дуторатонро!

Робиа (ҳайрон шуда). Барои чӣ, кудоҷон? Пушаймон шудед?

Бисанг. Духтарам шавҳар намекунад!

Робиа. А-а, шавҳар намекунад? Садкаатон шавам, чаро ин хел мегӯед, кудоҷон? Мо ягон...

Бисанг. Аз ҳамин рӯз иборат маро кудо ҳам нагӯед!

Робиа. Кудо нагӯям? Барои чӣ? Худо ба кудогӣ мерасонаду ман...

Бисанг. Ман ба шумо кудо-пудо нестам!

Робиа. Чаро, кудоҷон?

Бисанг. Кудо нагӯед, гӯям!

Робиа. Садкаатон шавам, барои чӣ кудо нагӯям, кудоҷон?

Бисанг (бо қаҳр). Бо фиребгарҳо кудо намешавам!

Робиа (ҳайрон шуда). Фиребгарҳо? Фиребгар шуда чӣ кор кардем, кудо?

Бисанг. Чаро нагуфтед, ки писаратон ба армия меравад? А, чаро нагуфтед?!

Робиа. Ҳа-а, гап дар ин ҷо гӯед? Хайр, ба армия равад чӣ шудааст? Тану ҷонаш сиҳату саломат, меравад-дия. Ба армия одами бабахт меравад, кудоҷон. Ҳар кас ҳам муносиб намешавад.

Бисанг. Духтари маро танҳо партофта?

Робиа. Чаро танҳо будаанд, садкаатон шавам? Ману шумо чӣ? Падарҳою акою укоҳо чӣ? Магар мо одам нестем? Хаёли хом накунед, кудоҷон. Якто-нимто шунавад,

пешина
аз 323
навбатӣ