Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Б и с а н г. Он вақт ҷанг буд. Акнун-чӣ? Тинчӣ-оромӣ!
Х о л и қ. Ба замони осоишта ҳам посбонҳо лозиманд. Ватанро ҳимоя мекунанд, ману туро посбонӣ мекунанд. Худи мо сулҳҷӯ, байрақбардори сулҳ бошем ҳам, душманони мо ҳанӯз мушташонро гумҳум карда гаштаанд. Барои ҳамин ҳамеша мо бояд тайёр бошем. Бояд ҳар як нияти бади душманро дар вақташ барбод диҳем. Инро ту нағз донистанат даркор, азизам. Биё ин гапҳоро мону азизам, аз паи тайёрии тӯй шав. Агар мерафтагӣ бошад, тӯйро тезтар гузаронидан лозим. Тезтар.
Б и с а н г. Даркор не, духтари ба шавҳар медадагӣ надорам!
Х о л и қ. «Духтари ба шавҳар медадагӣ надорам?» Агар духтарат аллакай шавҳар дошта бошад-чӣ?
Б и с а н г (ҳавотир шуда). Шавҳар дорад?! Кӣ гуфт?!
Х о л и қ. Хоҳӣ-нахоҳӣ, аз қайди ЗАГС гузаштанд. Акнун ҷои гап нест. Онҳо зану шавҳари қонунӣ.
Б и с а н г. Ман ба заксу-паксаш кор надорам!
Х о л и қ. А-а, ба заксу паксаш кор надорӣ? (Хандида). «Дил-дили Зайнаб», гуфтаанд.
Б и с а н г. Духтари ман дар ду дунё ҳам намехоҳад!
Х о л и қ. Духтарат кайҳо хостааст.
Б и с а н г. Ман нахоҳам, духтарам ҳам намехоҳад. Фаҳмидед?
Х о л и қ. Мабодо шарманда нашавӣ гуфта метарсам, азизам.
Б и с а н г. Худо хоҳад, шарманда намекунад духтарам.
Х о л и қ. Мабодо пушаймон нашавӣ?
Б и с а н г. Пушаймон намешавам!
Х о л и қ (ба сӯи дар рафта истода). Ман ба универмаг рафта, барои домод костюм мехарам. Ту сафсатаҳои беҳударо мону аз паи тайёрии тӯй шав, азизам. Дуруст?
Б и с а н г. Овора нашавед!
Х о л и қ. Дар вақташ чаро огоҳ накардед гуфта, баъд хафа нашав, азизакам! Тезтар аз паи кор шав! (Меравад).
Овози Робиа. Кудо-о! Хо-о, кудо!
Б и с а н г (бо изтироб). Вой, намурам, омада монд-ку! Чӣ кунам-а? Чӣ кунам?!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо