Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сӯхтаӣ! Хонаи диламро! Оё ба шумо нагуфта будам, ки...
Холиқ (каме таскин ёфтаю худро бод карда). Ҳе, ба хонаат ҳам маргу ба хонаи дилат ҳам! Қариб дилкаф шуда будам-а!
Бисанг. Аз ин хонаам сӯзад беҳтар набуд магар?
Холиқ. Хайр, худаш чӣ гап?
Бисанг. Домодатон мерафтааст!
Холиқ. Куҷо мерафтааст?
Бисанг. Ба армия. Дусола мерафтааст. Пагоҳ-пасфардо мерафтааст.
Холиқ (нафасашро рост карда). Уфф... Ҳамаш ҳамин? Ман ягон ҳодисаи мудҳиш рӯй додааст гуфта...
Бисанг. Чӣ, якбора замину осмон чаппа шаванд буд? «Ҳамаш ҳамин-мӣ-я!» Шумо падари сангдил!
Холиқ. Хайр, чӣ шудааст? Ба армия ҳама меравад. Ин вазифаи граждании ҳама. Вазифаи муқаддас ва шарафнок!
Бисанг (пичинг карда). «Ҳама меравад», «вазифаи ҳама!» Тӯй чӣ мешавад, тӯй? Духтаратон чӣ мешавад?.. (Гиря карда). Ман гуфтам-а, ҳой мардак, аввал дурустакак тафтиш кунед, мабодо ягон нағмаю дутораш набошад, гӯш накардед. Мана, акнун даҳонатонро кушода шинед!
Холиқ. Ягон айбе, ягон гуноҳе надорад, домодат.
Бисанг. Чӣ-й, беайбаш ҳамин?
Холиқ. Чӣ, ба армия рафтан айб мешавад? Ҳе, нодон. Ман фахр мекунам, ки домоди ман муносиби армия будааст.
Бисанг. Фахр мекунед? Дусола мераваду фахр мекунед?
Холиқ. Ҳа, фахр мекунам. Ба армия танҳо ҷавонони сиҳату саломат, боодобу ахлоқ мераванд.
Бисанг. Ин хел бошад, духтарамро ҳам гирифта равад!
Холиқ. Он ҷо хонаи истироҳат ё меҳмонхона не, ки оилавӣ раванд. Наҳод ҳаминро надонӣ?
Бисанг. Духтари ман шабу рӯз гиря карда шинад, майлаш-а?
Холиқ. Баръакс, духтарат ҳам хурсанд мешавад.
Бисанг. Хурсанд мешавад? Дониста мегӯед ё... Кадом арӯси нав аз шавҳар дил канда метавонад?
Холиқ (ба китфи занаш меҳрубонона даст партофта). Азизакам, булбули гӯёякам, охир, ман чор сол дар фронт гаштам, интизор шуда шиштӣ-ку? Ё ту маро дӯст намедоштӣ? А, маро дӯст намедоштӣ?

пешина
аз 323
навбатӣ