Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

китфаш партофта). Кани, ба худи ман мезебида бошад-а?... Бай-бай-бай, арӯси ҳаждаҳсола шав рав-е!
(Афсӯсомез). О-о, кошки аз нав ҷавон мешудам-а. (Матои дигареро ба китфаш партофта). Ана инаш пирро ҳам ҷавон мекардваст. (Аз ҷояш хестаю зери лаб замзама карда). «Хо-о, Лайлӣ, хо-о Лайлӣ, ҷонам фидои Лайлӣ...

Телефон занг мезанад.

(Гӯшакро гирифта). Алло! Ҳа, ман холаатон Ҷӯрӣ!
Ваалайкум ассалом. Ҳа-а, дугонаатонро ба шавҳар дода истодаам. Хонаамон тӯй. Ба кӣ мешуд? Ба дӯстдоштааш-дия. А? Куллук, куллук! Албатта. Бе шумо тӯй намешавад. (Гӯшакро ба ҷояш гузошта). «Хо-о, Лайлӣ, хо-о Лайлӣ, ҷонам фидои Лайлӣ!»

Телефон боз занг мезанад.

Алло! Кӣ? Хе-е, шумо-мӣ, Майсарабону?! Якборакак хабар намегиред-а. Хонаи мо тӯй шуда истодааст. Куллук, куллук, дугонаҷон, куллук! А? (Аз таҳи дил хандида). Асло монед-дия, кошки ҳаждаҳсола мешудем-а?!
Хуб, хуб, дугонаҷон. Шуморо ҳам ба тӯй расонад. Хайр!
(Гӯшакро ба ҷояш гузошта, рӯи кӯрпача мешинад).
Уфф, монда шудаам. Тезтар тӯй шаваду аз таҳи дил рақсида, кас аз ғубор барояд.

Занги телефон.

Алло! (Ваҷоҳаташ тағйир меёбад). Чӣ, чӣ?! Ба армия мерафтааст?! Домоди ман?!

Гӯшак аз дасташ меафтад.

Вой-дод! Вой-дод! Хонаам сӯхт! Вой-дод, хонаам сӯхт!

Дар даст халтаи пур аз сабзию пиёз Холиқ медарояд.

Холиқ (бо изтироб). Ҳа, ҳа, куҷо сӯхт?! Куҷо сӯхт?!
(Халтаро ба сӯе ҳаво дода, мурғи посӯхта барин ба чор тараф медавад). Гап зан, куҷо сӯхт мегӯям?! (Зуд гӯшаки телефонро бардоштаю рақамеро чида). Алло! Ёрии таъҷилӣ? Хонаи мо сӯхт, хонаи мо! Чӣ, чӣ? Фармондеҳи оташқӯширо чег занам?

Бибисанг. Ҳе, оташқӯшро чӣ кор мекунед, нодон?!
Холиқ. Хона сӯхт гуфтӣ-ку?!
Бибисанг (ба сандуқи дилаш зада). Мана ин хонаро

пешина
аз 323
навбатӣ