Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳозирон китф дар ҳам кашида, ҳайрон мешаванд. Капитан ва Сергей ҷасади Ҳалимро аз дасти Миша-амак гирифта, ба болои миз мегузоранд. Ҳозирон ба атрофи марҳум ҷамъ мешаванд. Ҳасанҷон додарашро шинохта фарёд мекунад.

Ҳасанҷон. Укоҷонам, Ҳалимҷон!!

Миша-амак аз воқеа огоҳ гашта, зуд назди марҳум меояд, ба Ҳасанҷону Ҳалим тез-тез нигариста, Ҳасанҷонро ба оғӯш мекашад, бори аввал овоз бароварда мегиряд.

Миша-амак. Баред, ба паҳлӯи Петро гузоред... Алвидоъ, писаронам, алвидоъ!!!

Парда

РОҲИ САФЕД

Мазҳака иборат аз се намоиш

ИШТИРОККУНАНДАГОН:

Холиқ — нафақахӯр Бисанг — зани Холиқ Моҳрӯ — духтари Холиқ Аҳмад — колхозчӣ Робия — зани Аҳмад Карим — писари Аҳмад Собиров — раиси совети қишлоқ Акрамов — раиси колхоз Намояндаи военкомат, дугонаҳои арӯс, ҷӯраҳои домод, хешу табори даъватшавандагон.
Воқеа дар рӯзҳои мо мегузарад.

Намоиши якум

Ҳавлии Холиқ. Айвони хона ба назар мерасад. Суфаи айвон бо қолини сурхи зебо ва кӯрпачаҳои атласу бахмал оро ёфтааст. Дар пойгаҳи айвон сандуқча, дар болои он аппарати телефон. Бисанг дар кӯрпача нишастаю бӯғчаро кушода, либосҳои арӯсии духтараш Моҳрӯро бо завқ аз назар мегузаронад.

Бисанг (матоеро ба даст гирифта хушҳол мешавад). Ҳай-ҳай-ҳай, чӣ хел нағз, чӣ хел зебо! Духтарам пӯшад, гирифта гурехтани мешавад-дия (Матоъро ба

пешина
аз 323
навбатӣ