Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин бошад даркор. Рости гап лозим, ки набуд, аниқашро напурсидам.

Ҳасанҷон. Не-е, номи вай Ҳалимҷон, Ҳасанҷону Ҳалимҷон-дия.

Рейман. Акнун ба хотирам омада истодааст. Ҳақиқатан ба шумо хеле монанд буд.

Ҳасанҷон (бо ангушташ манаҳашро нишон дода). Мана дар ин ҷояш холи калон дошт. Тахмин накардед?

Рейман. Хол? Хе-е, дӯстам, сару рӯяш ғарқи хуну хок буд. Аксари ярадоронро одам дар хотир дошта наметавонад. Саросемагӣ-дия.

Сергей. Хайр, тақдираш чӣ шуд?

Рейман. Ба отряди партизанӣ фиристонданд.

Ҳасанҷон. Дилам гувоҳӣ дода истодааст, мумкин ҳамон бошад.

Сергей. Номаш Орёл мегӯяд-ку.

Рейман. Мумкин ин номи партизанӣ бошад?

Сергей. Арвоҳ занад, зинда бошад, як рӯз маълум мешавад.

Ҳасанҷон. Афсӯс...

Мария-хола, аскару офицерони советӣ меоянд, аз паси онҳо аҳли деҳа. Аскарҳо дар як тараф саф мекашанд. Офицерон ва аҳли деҳа хона ва атрофи онро аз назар гузаронида, афсӯс мехӯранд. Касе портрети калони Миша-амак-ро бардошта меояд. Ҳама ба атрофи вай ҷамъ мешаванд. Капитан сухан мегӯяд.

Капитан. Нигоҳ кунед, дӯстони азиз, нигоҳ кунед! Бо чашмони пурнуратон нигоҳ кунед! Оё қаҳрамонон мемиранд?! Ёди онҳо дар лавҳи хотири ҳама абадӣ нақш меёбад! Бахшида ба корнамоиҳои Михаил Васильевич ва Петро достону таронаҳо меофаранд! Алвидоъ, Михаил Васильевичи азиз!

Аз милтиқҳо се маротиба тир холии мекунанд.

Хоҳишмандам, дӯстони азиз, барои хотираи Миша-амак ва писари ӯ — Петроғи қаҳрамон ду дақиқа сукут намоед!

Ҳама сукут мераванд. Дар ин ҳангом ҷасади Ҳалимро бардошта Миша-амак, дар паҳлӯи вай Зоя ва партизанҳо намудор мешаванд. Ҳама бо ҳаяҷон ба сӯи онҳо менигаранд.

Сергей. Михаил Васильевич!!

пешина
аз 323
навбатӣ