Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рейман. Ҳайр, чӣ, ба таъриф меарзанд. Зебо зебодия.

Сергей. Аз укаат хат наомад-а, Ҳасан?

Ҳасанҷон. Ҳа, ҷӯраҷон, қариб ҳашт моҳ шуд. Ман аз вай хабар надорам, вай аз ман. Кӣ медонад, зинда мебуд, менавишт. Албатта менавишт. Ба хаёлам...

Рейман (чизе ба хотираш омадагӣ барин). Чӣ, укаатон дар фронт буд?

Ҳасанҷон. Чӣ, шумо укаи маро дидед?!

Рейман. Ман укаи шуморо дар умрам надидаам. Вақте ярадореро муолиҷа карда будам. Ӯ ба шумо хеле монанд буд. Ҳамин хел гандумранг, қошу чашмонаш сиёҳ, миёнақад.

Ҳасанҷон. Шояд ҳамон бошад-а?

Рейман. Шояд.

Сергей. Тахминан кай буд ин воқеа?

Рейман. Истед... (хаёл карда) расо ду рӯз кам панҷ моҳ шуд.

Сергей (қоил шуда). Ух-хӯ, аниқкунии немисӣ-ку! «Ду рӯз кам панҷ моҳ-а!»

Рейман. Ман ҳанӯз фаромӯшхотир нашудаам, бародари

Ҳасанҷон. Чӣ, асир афтода буд?

Рейман. Не. Партизанҳо аз майдони ҷанг шабона баровардаанд. Халқи маҳаллӣ ярадоронро дар ҷойҳои пинҳонӣ муолиҷа мекарданд. Ана, баъд аз сиҳат шудан ба отряди партизанӣ мефиристоданд.

Сергей. Шумо чӣ хел медонед?

Ҳасанҷон. Оҷата об барад, одами худӣ будааст, медонад-дия!

Сергей. Ист, арвоҳ занад, гапа ба гап мон!

Рейман. Ман дар штаби немисҳо кор мекардам. Пинҳонӣ омада ярадорони советиро муолиҷа мекардам.

Сергей. Ин чӣ хелаш? Дар штаби немисҳо кор мекардеду...

Рейман (ришханд карда). Ҳамин тавр ҳам мешавад-дия, бародар.

Сергей. Чӣ хел мешавад? Охир...

Рейман (илтиҷоомез сарашро хам карда). Илтимос, инашро напурсед, дӯстам.

Сергей. Фаҳмида шуд.

Ҳасанҷон. Номаш чӣ буд, нафаҳмидед?

Рейман. Не-дия.

Ҳасанҷон. Оббо!

Рейман. Лекин як-ду бор Орёл гуфта ном гирифтанд.

пешина
аз 323
навбатӣ