Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рейман. Рейман. Отто Рейман!

Ҳасанҷон. Номи ғалатӣ. Ба Тоҷикистон барам?

Рейман. Ташаккур. Лекин ман ҳанӯз намедонам, ки тақдири ман чӣ мешавад.

Сергей. Дида истодаед, ки ҷанг тамом шуда истодааст. Ғалабаи мо таъмин. Имрӯз-фардо армияи мо ба Берлин медарояд.

Ҳасанҷон. Гитлер капут!

Сергей. Дар куҷо, чӣ хел зиндагӣ мекунед, бо кадом роҳ меравед, бояд аз ҳоло нақша кашида монед. Тақдиратонро худатон ҳал мекунед, худатон!

Ҳасанҷон. Пеш аз ҳама, ба куҷо рафтанатонро аниқ карда монед.

Рейман. Ба куҷо мерафтам? Ба Германия.

Ҳасанҷон. Боз ба назди фашистҳо?

Сергей. Фашизм торумор шуд, арвоҳ занад!

Ҳасанҷон. Медонам! Ман гуфтанӣ, ки...

Рейман. Ман ба Германияи нав меравам.

Ҳасанҷон. Ба кадом Германияи нав?

Рейман. Барпо мекунем.

Ҳасанҷон. Шумо барпо мекунед?

Рейман. Ҳа, бо ёрии шумо.

Ҳасанҷон. Очатона об барад, мо наравем-чӣ?

Рейман. Меравед. Ба мо ёрӣ мерасонед.

Ҳасанҷон. Ана, Сергей Иванович, ҳоло мо соф намешудагӣ барин. Як умр муҷаррад шуда намонем гуфта метарсам.

Сергей (бо ҳазл). Парво накун, ба ягон соҳибҷамоли немис хонадор мешавӣ. Ҳамту не? (Ба Рейман менигарад).

Рейман. Албатта!

Ҳасанҷон. Чӣ-й? Очата об барад, вай соҳибҷамоли дар хона бударо чӣ кор мекунам?

Рейман. Зан доштед?

Ҳасанҷон. Ҳа, чунон зебо, ки... Шумо тоҷикдухтаронро дидаед?

Рейман. Надидаам, лекин шунидаам, ки занҳои кӯҳсори Тоҷикистон ниҳоят зебо мешаваанд.

Ҳасанҷон. Дуруст! Зоташон аз париҳо будааст. Дар вақти тақсимоти занҳо йигитҳои мо чаққонӣ карда будаанд.

Сергей. Арвоҳ занад, расо таъриф кардӣ-дия.

Механданд.

пешина
аз 323
навбатӣ