Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Илтимос, яраашро аз нав дору карда бандед. (Ба ду аскари нав). Қани, мурдорро ба пеш андозед! Худам бурда месупорам!

Мераванд. Рейман захми Ҳасанҷонро аз нав дору карда мебандад. Сергей ба коғаз маҳорка печонида, якашро ба Ҳасанҷон медиҳад.

Ҳасанҷон. Раҳмат, очата об барад!

Сергей. Арвоҳ занад, асло ҳамин гапатро напартофт-дия.

Ҳасанҷон. Ту чӣ?

Сергей. Ман-мӣ? Ман... (Меҳандад).

Ҳасанҷон. Ҳа, очата об барад, айбро кӣ кунад, маиб!

Рейман. Дӯстон ҳазлбардори ҳамдигаранд.

Ҳасанҷон. Шумо, рафиқ, забони русиро нағз медонистед-ку, чӣ хел омӯхтед?

Рейман. Як вақте падарам дар Петроград таҳсил кардааст. Худаш духтур буд. Баргашта омада, муаллими забони русӣ шуда кор кард. Ман қасд карда будам, ки шеърҳои Пушкин ва Лермонтовро аз асл мехонам. Яъне аз худи забони русӣ.

Сергей. Ба мақсад расидед?

Рейман. Чӣ хеле ки мебинед, ман бад гап назанам даркор?

Сергей. Ҳа, бад не.

Ҳасанҷон. Аз ман нағз медонед.

Рейман. Чӣ илоҷ? Фаҳмаму фаҳмонда тавонам, барои ман давлати калон.

Сергей. Рост мегӯед.

Рейман (ба Ҳасанҷон). Шумо, бародар, бояд дар госпиталь хобед. Бо ин аҳвол ба ин наздикӣ сиҳат намешавед.

Сергей. Арвоҳ занад, худи ин аз госпиталь гурехт-ку!

Рейман. Нағз накардед.

Ҳасанҷон (ба Сергей). Ҳа, очата об барад, аз ту ҷудо шавам буд?

Сергей. Ҳар дуямон аз рӯзи аввали ҷанг ҷудо нашудаем. Қасам хӯрдаем, ки ҳамроҳ ҷанг мекунем, ҳамроҳ ғалаба!

Ҳасанҷон... Ҳамроҳ ба Тоҷикистон меравем!

Рейман. Оҳ-ҳо, дӯстони қарин-ку! Ниятҳои зӯр доретон.

Ҳасанҷон. Шумо куҷо меравед, рафиқи немис? Мебахшед, номатонро намедонам.

пешина
аз 323
навбатӣ